Барои ба ин савол ҷавоб додан мо бояд китоби таърихи қадим не, таърихи наонқадар дурро варақгардон намоем. Замоне буд, ки мо тоҷикону қирғизҳо дӯстона зиндагӣ мекардем. Дар кӯчаҳои шаҳрҳои Душанбею Бишкек, Хуҷанду Ош, дар бозорҳои сарҳадии ҳарду мамлакат халқ, тоҷику қирғиз дӯстона сайру гашт ва хариди рӯзғор мекарданд. Агар ба деҳаҳои назди сарҳадии ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва ғайра назар мекардед медидед, ки ин ду халқ чигуна бо ҳам унс гирифта осоишта зиндагӣ мекарданд. Ба гуфтор дӯстии халқҳо буд. Дустии халқҳо ба дараҷае расида буд, ки дар Ворух оилаҳои тоҷику қирғизе ёфт мешуданд, ки дӯстии худро бо оиладор кардани фарзандон мустаҳкам мекарданд. Ин даври осоиштагӣ, бо шодию хурсандӣ меҳмони даргоҳи ҳамдигар шудан дар гузашта монд. Саволе ба миён меояд, сабаб дар чист, ки ин ду халқи ба ҳам дӯст имрӯз дар байни худ низоъ пайдо кардааст?
– дар аввал, ин маҳсули дасти халқи оддӣ нест, инро мебояд хело чуқур омӯхт ва ҳаллашро дар сатҳи баланди дипломатӣ ёфт. Ба фикри мо сабаб дар:
– якум, ин муайян кардани сарҳад ва мерос-тақсимоти об дарбайни ҷумҳуриҳои замони Шуравӣ дуруст ҳалли худро наёфтааст.
– дувум, айби баъзе сиёсатмадороне, ки хоҳишу орзуҳои дар хоб дидаи худро бе баҳисобгирии ҳақиқати таърих ба гардани халқи оддӣ бор кардан аст
– сеюм, пушида нест, ки гуруҳҳои экстремистию терористие ки дар Сирия ё дигар гӯшаю канори мамлакатҳои дунё амал мекарданду “бекор” мондаанд ба худ кор мекобанд, аз оддигӣ ва аз сиёсат бехабар будани халқҳо истифода бурда барои ба мақсади нопоки худ расидан, дар байни халқу миллатҳо низоъ меандозанд.
– чорум мумкин, қувваҳои махсусе бошанд, аниқтараш ҳастанд, ки ободии Ватан-Тоҷикистонро намехоҳанд, оромию осоиштагие, ки бо осонӣ ба даст наомадааст вайрон созанд. Онҳо аз ҳар низоъи хурд истифода мебаранд.
– панҷум, оё ин амали баъзе гуруҳҳои одамоне нест, ки мехоҳанд низоъҳо дар байни халқҳо сарзанад, ба ин мисолҳои зиёд овардан мумкин аст, ба монанди низоъи байни Озорбойҷону Арманистон дар ҷанги хонумонсӯзи Куҳистони Қаробах, Украинаю ҷумҳуриҳои Донетску Луганск, Ҳодисаҳои дар Ҷумҳурии Белорус шуда, мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст локин гап асосан ба он равона карда шуданаш лозим, ки сулҳу салоҳ ободию якдигарфаҳмӣ барқарор гардад. Ба ин бояд шахсони салоҳиятдор машғул бошанд. Боварии комил дорем, ки аз ҳодисаҳои шуда шахсони салоҳиятмадор хулоса мебароранду барои тамоман решакан кардани ин низоъҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Тойирова Ш.
Муаллими калони
кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ