Дирӯз, бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва директори Донишкадаи Конфутсий Жен Гентян ва директори ҷониби тоҷикистонии донишкада Валиева Мастура муҷассамаи Конфутсий дар ошёнаи дуюми донишкадаи мазкур ифтитоҳ карда шавад. Дар маросими ифтитоҳ омӯзгорону кормандони донишкада низ фаъолона ширкат намуданд ва ба онон китоби “Муколамаи Конфутсий бо шогирдон” дар тарҷимаи забони тоҷикӣ тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Конфутсий яке аз мутафаккирони бузурги Чин маҳсуб меёбад ва миёни чиниҳо, ҷопониву кореягиҳо ҳамчун роҳнамои зиндагӣ пазируфта шудааст.