Санаи 22-юми сентябри соли 2021 дар толори китобхонаи донишкада чорабинии илмӣ –бадеӣ бахшида ба Рӯзи бузургдошти устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзӯи “Рӯдакӣ қофиласолори назми форсӣ” бо ширкати устодон ва донишҷӯён баргузор гардид, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот мудири кафедра Тоҷибоева Манзура иттилоъ дод.
Чорабиниро мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ н.и.п. Тоҷибоева М.И. ифтитоҳ намуда, дар мавзӯи «Саҳми устод Рӯдакӣ дар адабиёти классикии форсу тоҷик» суханронӣ намуд.
Сипас, муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети металлургия Ғоибов Алишер дар мавзӯи “Мавзӯъ ва хусусияти ғазалҳои устод Рӯдакӣ” маърӯзаи пурмуҳтавои илмӣ намуда, қайд намуд, ки устод Рӯдакӣ аз аввалин шахсони суханвари номвар ва орифи адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад.
Ҳамчунин, омӯзгори кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ Бобоҷонова М. оид ба мероси адабии асосгузори адабиёти форсу тоҷик Абӯабдуллои Рӯдакӣ, донишҷӯи бахши якум Қурбонов Эмомҷон роҷеъ ба ҳаёт ва фаъолияти устод Рӯдакӣ маърӯзаҳо хонданд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ донишҷӯён ва омӯзгорон дар ин чорабинӣ осори Рӯдакиро ба забонҳои тоҷикиву русӣ ва англисӣ қироат намуданд. Дар интиҳо мудири кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ н.и.п. Тоҷибоева Манзура чорабиниро ҷамъбаст намуда, нақши осори Рӯдакиро дар ташаккули афкори меҳандӯстӣ ва башардӯстӣ муҳим арзёбӣ намуда, осори ӯро осори ҷомеасоз ва барои тарбияи насли ҷавон муфид арзёбӣ намуд.