Рӯзи Рӯдакӣ дар ДКМТ

Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бо ташаббуси роҳбарияти китобхона ва шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада бахшида ба “Рӯзи Рӯдакӣ” чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд, ки дар он устодони ДКМТ ба ҳайси меҳмон Тоҷибоева М., Нурматова  М., Силмонова С., Азизбекова А. , Хизматова Ҳ ширкат варзиданд.

Силмонова Сурма устоди кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии донишкада

Чорабиниро нахуст директори китобхона Танжихолова Ш ифтитоҳ намуда, перомуни ашъори оламгири устод Рӯдакӣ ва мавҷеи он дар ҷаҳони муосир маърӯза қироат намуд. Баъдан Силмонова Сурма устоди кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии донишкада суханронӣ намуд.

Ширкаткунандагони чорабинии имрӯза

Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза як қатор донишҷӯён аз ашъори Рӯдакӣ шеърҳо қироат намуданд, ки бисёр ҳам хуб пазироӣ шуд. Аз ҷониби як нафар донишҷӯ намоиши рӯзгори Рӯдакӣ манзури ҳозирин гардонида шуд, ки он ҳам барои дарки замон ва ҳолати шоир хеле хуб буд.

 

Шуъбаи иттилоот