Дар санаи 22.11.2019с. бахшида ба иди Парчами ҶТ дар синфхонаи 322 чорабинии сиёси гузаронида шуд, ки дар он 54 нафар донишҷӯёни факултети металлургия иштирок намуданд. Чорабинии мазкурро декани факултети металлургия Умарҷонов А.А.бо сухани ифтитоҳи кушода, ҳозиринро бо иди Парчами Миллӣ табрик намуданд. Дар чорабинии сиёсӣ н.и.т. дотсенти кафедраи ФГ Абдуллоев Икром Рабиевич., дар мавзӯи таърихи пайдоиш баромад намуда, дар бораи парчами давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои он, ифодаи рангҳо муфассал баён намуд. Таърихи Тоҷикистони навин баъди ба даст овардани истиқлолияти, давлатӣ инчунин қабули Рӯзӣ парчам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи маърӯзачӣ ба аҳли чорабинии сиёсӣ баён карда шуд.
Чорабини аз тарафи садорати факултети металлургия ташкил кардашуда дар фазои идона гузаронида шуд. Донишҷӯи соли хониши дуюми, ихтисоси 270101Мариншоев Ваҳдатшо дар чорабинии сиёсии бахшида ба Рӯзи Парчам гузаронидашуда баромад намуда, оид ба Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуд.