Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи омӯзгор” чорабинии тантанавӣ баргуузор гардид, ки дар он нахуст ректори донишкада Фозилзода Мухтор Муродалӣ баромад намуда, омӯзгорони донишкадаро ба ин рӯзи нек самимона табрик намуда аз дастовардҳо ва ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф ва омӯзгор ёдрас шуда, зиёд гардидани маоши кормандони соҳаи маорифро иқдоми нек арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон ректори донишкада Фозилзода М.М. ба як қатор омӯзгорони фаъол ва кормандони арзандаи донишкада ифтихорнома ва мукофотпулӣ тақдим намуданд.
Сипас, раиси КИ Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Миршакар Ҷалолзода номаи табрикотиро аз номи аҳли КИҲХДТ ба ректори донишкада Фозилзода М.М. тақдим намуда ба 3 нафар омӯзгори донишкада ифтихорномаи ҳизбро супорид.
Инчунин, Дӯстов Д. омӯзгори донишкада аз таърихи маорифи Тоҷикистон сухан гуфта, ҳозиринро ба ин рӯзи нек табрику шодбош гуфтанд.
Дар фароварди чорабинии мазкур Осими Оқил як монолог дар васфи омӯзгорон қироат намуда, аҳли толорро хушҳол гардониданд.
Шуъбаи иттилоот