РӮЗИ НООБОДИЯШ ТОҶИК ЗАБОН ОБОД КАРД…

Дар арафаи Рузи забони точики бо икдоми кафедраи забони давлати ва забонхои хоричии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон мулоқоти муфид бо забоншиносони маъруфи  вилояти Суғд  , дотсентҳои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Гафуров устодон Саидумрон Саидов ва Дилшод Олимҷонов ва донишҷуёни соли якум баргузор гардид.

Нахуст мудири кафедраи  забони давлати ва забонхои хоричии Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Мавлуда Аминҷонова меҳмононро хайра мақдам намуда изҳор дошт, ки дар ҳама давру забон гиромидошти забони давлатӣ мақоми хоса дошт.

Устод С.Саидов иброз дошт, ки захираи луғавии  адабиёти форсу тоҷик фаровон буда истилоҳи ихтисосҳои геология, нафту газ ва маъданшиносӣ дар забони  тоҷикӣ мақоми хоса доштанд.

Аз ин хотир, донишҷуён бояд баробари фанҳои техникӣ ба омузиши забон эътибори хоса диҳанд.

Тавре Бозор Собир мефармояд:

Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард.

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба дастгирии Пешвои миллат санаи 5-уми октябри соли 2009 Конуни забони тоҷикӣ дар таҳрири нав қабул гардид.

 

Шуъбаи иттилоотӣ