Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола санаи 9-уми декабр дар Тоҷикистон рӯзи касбии геологҳо таҷлил карда мешавад. Маълум аст, ки таърихи миллати тоҷик бароямон маълумоти зиёдеро бозгӯ менамояд, ки баъзан аз варақгардон намудани он инсон дар тааҷҷуб меафтад ва гоҳе ҳам хушҳол мешавад. Рушди илмҳои гуногуни соҳа, пешрафти ин ё он соҳа, пажӯҳиши олимон ё худ аҷдодони мо дар ин ё он самт моро аз пешрафтатарин миллатҳои ҷаҳон нишон медиҳад ва ҳама он асноди таърихӣ далел мешаванд, ки барои ҳамеша аз бузургиву тоҷикият бигӯем ва бо он ифтихор намоем. Заминро аввалин маротиба киҳо омӯхтанд ва ба хурофоту пешгӯиҳои адёнӣ киҳо бо овардани далоили илмӣ нукта гузоштанд? Албатта, фарзандони барӯманди тоҷик, олимон, бузургони гузаштаи мо, ки имрӯз ҷаҳониён аз он мефахранд ва фаровон барои идомаи пажӯҳишҳои илмӣ истифода менамоянд…
Соҳаи геология низ аз зумраи чунин илмҳост, ки кунун барои расидан ба истиқлолияти комили иқтисодӣ дар кишвар мусоидат менамояд. Роҷеъ ба рушди геология ва манфиати он барои ҷомеа Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо сухан рондаанд ва ҳатто дар Паёми имсолаи хеш низ роҷеъ ба ин нукта чунин гуфта буданд: “Тоҷикистон дорои захираҳои бойи маъданиву ғайримаъданӣ, аз қабили металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, ангишт ва монанди инҳо мебошад, ки ҳаҷми тасдиқшудаи онҳо садҳо миллиард сомониро ташкил медиҳад.
Имрӯз дар Тоҷикистон беш аз 600 кон ва 800 зуҳурот кашф ва омӯхта шудаанд, ки дорои зиёда аз 60 навъи ашёи хоми маъданиву ғайримаъданӣ мебошад.
Ҳоло ҳамагӣ 27 фоизи захираҳои зикршуда истихроҷ ва коркард шуда истодаанд, ки чунин ҳолат барои расидан ба ҳадафи чоруми стратегии мо қонеъкунанда нест.
Бинобар ин, зарур аст, ки Саридораи геология корҳоро дар самти омӯзиши геологӣ, гузаштан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо, истифода, азнавбарқароркунӣ ва ҳифзи захираҳои ашёи минералӣ, инчунин назорати равандҳои хатарноки геологӣ ва мониторинги обҳои зеризаминӣ тақвият бахшад…”
Воқеан ҳам ҳоло дигар фурсате расидааст, ки барои рушди илми геология бо истифода аз таҷҳизот ва технологияи муосир озмоишгоҳҳои нав сохта шавад ва дар кори омӯзиш пажӯҳишгарон тавонанд, бе ягон камбуд фаъолиятҳои хешро ба иҷро расонанд.
Илми геология ё худ заминшиносӣ яке аз илмҳои қадимӣ буда, аз қадим мавриди омӯзиш ва пажӯҳиши олимони тоҷик, аҷдодони мо қарор дошт. Тоҷикон дар рушди ин илм саҳми басо бузург доранд ва ҳатто ҳамадонҳои мисли Синову Берунӣ низ роҷеъ ба шохаҳои геология рисола навиштаанд, ки ин бозгӯи воқеияти он рӯзҳо ва вазъи геология мебошад.
Геология имрӯз, як пешаи маъруф ва дӯстдоштанӣ мебошад ва бештар ҷомеа ҳам онро на ҳамчун ихтисос, балки як хоббӣ қабул намудааст ва дӯстдорони геология кунун дар кишвар зиёданду онҳо хотираҳои зиёде доранд. Боиси хушбахтист, ки 93 фисади масоҳати Тоҷикистонро кӯҳсорон ташкил медиҳанду геологҳои мо метавонанд, фаровон аз ин ганҷинаи пурбаҳо истифода намоянд.
Ҳоло, олимони ҷавон ва собиқадорони геология ба монанди Анвар Отаев, Насриддинов Замониддин, Абдумалик Олимов, Розиқов Зафар, Усмонов Шермат, Осими Оқил, Мутаваллиев Абдуваҳоб, Гули Самадова ва даҳҳо мутахассисони варзидаи геология дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба шогирдон дарс мегӯянд ва нозукиҳои пешаи геологиро мефаҳмонанд, ки ин ба рушди соҳа мусоидат менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми геологҳои ҷумҳуриро ба ин рӯзи касбӣ табрику гуфта, ба ҳамагон муваффақият ва сарбалндиву саодатмандӣ таманно менамоям. Бигзор ҳар он нафаре, ки дар рушди геологияи тоҷик саҳм гузоштаасту имрӯз саҳм гузоштаистодааст, доимо комгор ва саодатманду хушҳол бошад.
Рӯзи касбӣ муборак, геологҳои муҳтарам!