Дар факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд. Дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Конститутсия иҷрокунандаи вазифаи декани факултети эелектромеханика Шамсидинов Ш., муовини декан оид ба тарбия Саидов А., мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Мирзоахмедов М., ва омӯзгори ҳамин кафедра Холова Ф. суханронӣ намуда, перомуни муҳимияти ин санади тақдирсоз андешаҳои хешро иброз намуданд.
Дар интиҳо миёни донишҷӯён ва омӯзгорон табодули афкор сурат гирифт, ки бисёр ҳам ҷолиб гузашт ва аз ҷониби дигар ҳозирин маълумоти бештаре ба даст оварданд.
Шуъбаи иттилоот