Дар китобхонаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи китоб” санаи 4-уми сентябр чорабинии муҳими илмӣ-назариявӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд. Нахуст чорабиниро Шаҳнозабону Танжихолова директори китобхонаи ДКМТ ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо “Рӯзи китоб” табрику таҳният гуфтанд.
Танжихолова Ш. дар мавриди китобу китобдорӣ ва имкониятҳои фароҳамгардидаи китобхонаи донишкада суханронӣ намуда, аз китобҳои тозаворидгардида ба ин даргоҳи фарҳангу маънавиёт ба аҳли нишаст паём дод.
Дар чорабинии имрӯза ҳамчунин донишҷӯён бо барномаи ҳунарии худ ширкат варзида, аз бузургон бо қироати шеъру пораҳои ҳикматомӯз хотири ҳозиринро болида намуданд.
Сипас сухан ба мудири кафедраи коркарди конҳои фоиданок Осими Оқил дода шуд, ки мавсуф низ аз китобдориву фаҳанги ғании миллати тоҷик ба некӣ ёдоварӣ намуданд.
Дар чорабинии имрӯза ҳамзамон корманди китобхона Минакова Т низ суханронӣ намуда, баъзе аз ҷузъиётҳои китобдорӣ ва аҳамияти он дар низоми китобдориро ба ҳозирин шарҳ доданд.
Ёдрас мешавем, ки ба ҳайси меҳмон дар чорабини О.Оқил ва мудири шуъбаи илм М. Шербоев ширкат доштанд.
Дар интиҳо ба иштирокдорони чорабинии мазкур Сипоснома ва китобҳо аз ҷониби роҳбарияти китобхона ҳадя карда шуданд.
Шуъбаи иттилоот