Имрӯз, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҷаласаи идона бахшида ба Рӯзи дониш ва дарси Сулҳ баргузор гардид, ки дар он тамоми омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Ҳозирин, дастаҷамъона суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамошо намуда, аз он як ҷаҳон маънӣ бардоштанд. Баъди ба итмом расидани дарси Сулҳ дар Донишгоҳи тибии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, ки мустақиман ҳамагӣ тамошо менамуданд, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, нахуст ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки аз худ намудани илму дониш, содиқона ба Ватан хидмат намудан вазифаи ҳар як фарди солимфикри ҷомеа буда, моро зарур аст, то содиқона бо фарогирии донишҳои замони муосир бар давлату миллат хидмат намоем ва ба қадри хидматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем.
Осими Оқил сардори раёсати таълим номаи табрикотии раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба ҳозирин қироат намуд.
Ҳамчунин, дар ҷамъомади имрӯза раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҷалолзода Миршакар, муовини раиси шаҳри Бӯстон Сатторзода Хуршед ширкат ва суханронӣ намуда, донишандӯзонро ба Рӯзи дониш табрику таҳният гуфтанд.
Дар интиҳо ба 11 нафар хатмкунандагон Дипломи аъло, ба як қатор омӯзгорони фаъол аз ҷумла ба Давлатов Давлатмаҳмад, Валиева Мастурахон, Сулейманова Назокат, Шамсиддинов Шуҳратҷон, Саидов Мустафохон, Ҳоҷиев Саидмуқбил, Мутаваллиев Абдуваҳоб нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ба 7 нафар: Аслиддин Садриддинов, Осими Оқил, Хайриддин Ашӯров, Авазбек Назарматов, Рафиқҷон Холбоев, Румия Назиповна, Ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯёну омӯзгорон ғайр аз толори маҷлисгоҳи асосӣ боз дар синфхонаҳои дигари донишкада низ Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман тамошо намуданд.
Шуъбаи иттилоот