“Рӯзи дарҳои кушод” дар китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардидаистодааст. Дар шурӯи “рӯзи дарҳои кушод” намояндагони 9 кафедраи донишкада ширкат варзиданд ва бо китобҳои соҳавиву илмии китобхона шинос шуданд. Он чӣ дар махзани китобхона ҳаст, барои ҳамаи соҳаҳои мавҷуда басандагӣ мекунад ва аксарияти китобҳои соҳавӣ, ки бо забони русӣ нашр шудаанд, омӯзгорону кормандонро зарур меояд, то ҷиҳати раддабандиву ҷудосозии он ҷиҳати заруриятҳои феълӣ бо истифода аз фурсат бояд ба мудирияти китобхона маълумот медоданд.
Ёдовар мешавем, ки минбаъд низ дар китобхонаи донишкада омӯзгорону мутахассисони ҷавон метавонанд, ҳузур ёфта, ҷиҳати дарёфти адабиётҳои зарурӣ , фармоиш диҳанд. Айни замон дар китобхонаи илмӣ-электоронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон зиёда 121920 адад китобҳои нодири соҳавӣ мавҷуданд, ки барои донишҷӯён ин ганҷинаи басо ҳам фаровон мебошад.
Барои пешрафти кори омӯзгорону ҳам сарсон нашудани донишҷӯён имрӯз ҳамкории омӯзгорону собиқадорон бо китобхона ҳатмӣ мебошад, мегӯяд директори китобхонаи мазкур Танжихолова Шаҳнозабону.
М. Сайидзода