РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ДОНИШКАДА ТАҶЛИЛ КАРДА ШУД

Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи донишкада бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ бо ширкати ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва ҳайати профессорию омӯзгорӣ, донишҷӯён чорабинии бошукӯҳ баргузор карда шуд.
Дар чорабинӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки “Дифоъ аз марзу буми меҳан бар уҳдаи сарбозони далер ва шуҷои Ватан мебошад ва хушбахтона, ин масъулият ва вазифаи худро фарзандони баномуси тоҷик, сарбозони далери Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона иҷро менамоянд. Ин далели неруи бузург ва тарбияи баланди касбию маҳорати афсарону аскарони Артиши миллӣ аст”.
Ҳар давлат фақат бо қудрат ва тавоноии артиши худ метавонад дар арсаи байналмилалӣ мақоми низомияшро муаррифӣ созад. Артиш ҷузъи муҳими давлатдорӣ буда, кафили асосӣ барои пойдории давлат ҳисобида мешавад.
Барои ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон таъсиси Артиши миллӣ осон набуд ва аз ҳама муҳимаш базаи моддиву техникӣ талаб менамуд. Дар фурсати кӯтоҳ ташкил намудани он кори саҳл набуд ва барои ин вақт зарур буд. Вале ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши миллиро таъсис доданд ва 23 феврал аввалин гузашти ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд…
Ҳамчунин, дар чорабинии имрӯза аз ҷониби дастаи ҳунарии донишкада “Ҷилои ёқут” барномаи рангини фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба сохтори тарбия ва ҷавонон ҷиҳати ташкил ва баргузории чорабинӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, бори дигар Рӯзи Артиши миллиро табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон барору муваффақият таманно намуд.