- “Лоиҳаи мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104 – Металлургияи металлҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIO”
- Дар Донишкадаи кӯҳӣ –металлургии Тоҷикистон (баъдан аз рӯи матн ДКМТ) аз соли 2006 сар карда омодасозӣ ва аз соли 2011 тайёр кардани муҳандисон аз рӯи ихтисоси 42010104 – Металлургияи металлҳои ранга ба роҳ монда шудааст. То имрӯз 291 муҳандисон – металлургон тайёр карда шудаанд. Аз рӯи тадқиқотҳои пешакии аз тарафи Маркази рушди касбият ва бо кор таъминшавии хатмкунандагони ДКМТ гузаронидашуда маълум мешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 корхонаҳое амал мекунанд, ки ба металлургҳо эҳтиёҷ доранд. Бо кортаъминшавии миёнаи металлурҳо аз соли 2011 то соли 2018 67% – ро ташкил медиҳад. Қайд намудан зарур аст, ки бокортаъминшавии хатмкунандагон нишондиҳандаи натиҷавии фаъолияти таълимии ДКМТ ба шумор меравад. Ин натиҷа аз бисёр омилҳо вобаста аст: аз дараҷаи дониш ва сифати омодасозии абатурентон; аз мотиватсияи дохилӣ ва берунӣ; аз мувофиқати барномаҳои таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва талаботҳои корфармоён; дараҷаи ихтисоси ҳайати профессорӣ – омӯзгорӣ; фаъолнокии донишҷӯён ва қонегии онҳо аз сифати хизматрасониҳои таълимӣ; аз фаъолияти МТОК оиди расонидани ёрӣ ба хатмкунандагон барои таъминшавӣ бо ҷои корӣ.
Аз ин лиҳоз муқаррар намудани сабабҳои қонеъ нагардидан ба сифати таълим, мушкилиҳо оиди таъминшавии муҳандисон – металлургон бо кор ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаи мавҷуда – вазифае мебошад, ки ҳалли тези худро талаб менамояд.
Аз ин сабаб дар вақти ҳозира барои ДКМТ масъалаи ҳалталаби №1 дар самти омодасозии муҳандисон – металлургон номувофиқатии мундариҷа ва натиҷанокии барномаҳои таълимии муҳандисӣ аз рӯи ихтисоси 420101-0104 “Металлургияи металлҳои ранга” ба дараҷаи тараққиёти технологияҳои муосир ва умедвории
корфармоён ва ҳамчун оқибат мушкилии бокортаъминшавии хатмкунандагон ҳам дар бозори минтақавӣ ва ҳам дар бозори ҷаҳонии меҳнат(маҳаллӣ ва дар фазои ДММ) ба шумор меравад.
Амаликунонии чунин аз ҳақиқати истеҳсоли дурнашудаии омодасозии металлургонро дар асоси барномаҳои таълимие, ки мувофиқи талаботҳои стандарҳои Ташаббуси Байналхалқӣ CDIO (Conceive-Design Implement-Operate) омода карда шудааст, гузаронидан имконпазир аст.
Стандартҳои қайд кардашуда дар чорчӯбаи лоиҳаи глобалии байналхалқӣ оиди мукаммалгардонии таҳсилоти олии муҳандисӣ, ки аз соли 2000 амал карда истодаанд, коркард карда шудаанд ва он Ташаббуси CDIO номида шудааст.
Стандартҳои CDIO – ин рафтори комплексии лоиҳавӣ – аломатӣ ба таҳсилоти муҳандисӣ ба шумор меравад: маҷмӯи принсипҳои умумии барпокунии барномаҳои таълимӣ, таъминоти материалӣ – техникии онҳо, интихоб ва таълими омӯзгорон.
Мақсади декларатсияшудаи CDIO: муҳандис – хатмкунанда бояд маҳсулоти нав ва ё ғояи техникии навро фикр карда ёфта тавонад, ҳамаи корҳои конструкториро оиди амаликунонии онро амалӣ намояд, он чие, ки ҳосил мешавад ба истеҳсолот ҷорӣ намояд.
Дар вақти ҳозира бо CDIO дар ҷаҳон зиёда аз 100 МТОК амал менамоянд.
2.Ҳадафи асосии лоиҳа:
Мукаммалгардонии бакалавриат аз рӯи ихтисоси 42010104 – Металлургияи металлҳои ранга дар асоси стандартҳои Ташаббуси Байналхалқии CDIO бо назардошти таҷрибаи ҳамшарикон дар амаликунонии принсипҳои ҷараёни Болонӣ ва ҷорикунии талаботҳои стандартҳои EUR – ACE ба салоҳиятнокии хатмкунандагон барои баланд бардоштани имкониятҳои бокортаъминшавии муҳандисон – металлургон ҳам дар бозори минтақавӣ(маҳаллӣ ва дар фазои ДММ) ва ҳам дар бозори глобалии меҳнат.