ДУШАНБЕ, 23.10.2023 /АМИТ «Ховар»/. 21 октябр бахшида ба Солҳои рушди саноат (2022-20226) дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҳти унвони «Коркарди металлургии самаранок, экологияи ва рушди устувор» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин донишкада.
Дар конференсия ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ роҷеъ ба истифодаи самараноки коркарди металлҳо, истифодаи самараноки канданиҳои фоиданок, истифодаи дурусти иқтисодиёти рақамӣ дар саноат, баланд бардоштани мафкураи молиявии донишҷӯён, сифатнок гардонидани корҳои озмоишгоҳӣ, баланд бардоштани донишу малакаи донишҷӯён ва кормандони соҳаи саноат, истифодаи дурусти формулаҳои иқтисодӣ, ба роҳ мондани машваратҳои илмӣ- амалӣ дар корхонаҳои саноатӣ сухан гуфт.
Таъкид гардид, ки бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ба саноатчиён имконияти зиёд фароҳам оварда шудааст, ки бояд аз он дуруст истифода бурда, дар рушди Ватан саҳм гузошт.
Дар конференсия дар мавзуъҳои «Масъалаи иқтисодиёти рақамӣ ва таъсири он ба рушди иқтисодӣ», «Дурнамои азхудкунии конҳои канданиҳои фоиданоки вилояти Суғд дар давраи саноатикунонии мамлакат» маърузаҳо пешниҳод ва масъалаи металлургӣ ва истифодаи самараноки он дар давраи саноатикунонии ҷумҳурӣ баррасӣ гардид.
https://khovar.tj/2023/10/rushdi-sanoat-dar-donishkadai-k-iyu-metallurgii-to-ikiston-konferensiyai-um-uriyav-doir-shud/
https://khovar.tj/2023/10/rushdi-sanoat-dar-donishkadai-k-iyu-metallurgii-to-ikiston-konferensiyai-um-uriyav-doir-shud/