Ҷавонон ҳамеша дар пешбурди ин ё он соҳа дар тамоми ҷаҳон нақши муҳим ва бориз дорнад.Инқилоби техникиву фаннӣ ҳам дар кишварҳои абарқудрат маҳз тавассути ҷавонон анҷом ёфтааст. Илму технология маҳз бо завқи баланди ҷавонон имрӯз дар ҷаҳон рушд кард ва маҳз ҷавонон буданд, ки сабки зиндагии ҷаҳониён тағйир ёфт ва сифату шароити зиндагӣ беҳтар гардид. Ин ҳама талошҳо ва шуҷоату матонати ҷавононро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати ҷавонон ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ҳамеша ҷавононро дастгирӣ мекунанд, ки ин як мактаби нав мебошад.
Ин аст, ки имрӯз дар кишвари мо низ ҷавонон дар марҳалаҳои гуногун, дар соҳаҳои гуногун, дар сохторҳои гуногун ба вазифаҳои роҳбарӣ истодаанд ва хушбахтона вазифаҳои дар ихтиёрашон бударо бо самимият ва садоқати хос иҷро менамоянд, ки ин ҳосили бовариву тарбияи баланди Роҳбари давлат ба ин қишри ҷомеа мебошад.
Дирӯз дар иҷлосияи Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо овоздиҳии пинҳонӣ Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ва аз ҷавонони фаъоли кишвар ба ҳайси Раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб гардиданд, ки аз ҷониби ҷомеа хуш пазируфта шуд.
Албатта, таҷрибаи Рустами Эмомалӣ ба ҳайси як ҷавони фаъол ва баҳраманд аз мактаби сиёсии Пешвои миллат ё аз мактаби роҳбарии Роҳбари кишвар бисёр ҳам беназир аст ва ҳамчунин мо хуб шоҳидем, ки чӣ тавр ин ҷавонмарди ватандӯст ва фарзанди асили миллат дар як муддати кӯтоҳ бо истифода аз кордониву малакаи роҳбарии худ шаҳри Душанберо ба як шаҳри зебову дилкаш ва ободу ором табдил доданд. Яъне дар як муддати кӯтоҳ ба муваффақияти бузург ноил гаштан ин таҷрибаи Рустами Эмомалӣ мебошад ва албатта ин ҳам аз пайравӣ аз мактаби Роҳбари муаззами кишвар ба даст омадааст.
Ҳоло, ки Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ таъйин шуданд, ин боз ҳам ҷавононро рӯҳбаланд месозад ва ҷомеаро хурсанд мегардонад, ки акнун дар қабули қарору қонунҳо, ки бисёр ҳам вазифаи пурмасъулият ва серталаб мебошад, намояндаи ҷавонон ва шахси кордон муҳтарам Рустами Эмомалӣ нишаастаанд.
Аз ин рӯ, бо дилгармӣ метавон ҳадс зад, ки барои беҳбуд бахшидан ба соҳаҳои мухталифи ҳаёт муҳтарам Рустами Эмомалӣ метавонанд бо қабули қарорҳои муҳим саҳми беназири худро гузоранд. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки Рустами Эмомалӣ ба ҷавонӣ нигоҳ накарда барои пешбурди кор талош менамоянд ва ҳамин буд дар як муддати кӯтоҳ дар Душанбе вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ хеле тағйир кард ва Душанбе ҳамчун як маркази маъмурӣ ба зеботарин шаҳрҳои дунё баробар шудааст, ки инро ҳам коршиносони маҳаллӣ ва ҳам хориҷӣ ёдрас мешаванд. Пас чӣ гуна аз интихоби чунин Раиси ҷавон ва умедбахш, ки аз ҳама ҳолат ва мушкил огоҳ ҳастанду барои ислоҳи вазъ талош меварзанд, хуш истиқбол накунем?!
Мо, ҷавонон аз интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ин маснади олӣ хеле хушҳол буда, аз ин фарзанди асили миллат ва ситораи тобноки олами сиёсат умеди калон дорем.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ