РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ-НОМЗАДИ АРЗАНДА

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав муҳтарам Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби вакилон ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб гардиданд, ки ин фоли нек аст.

Зеро муҳтарам Рустами Эмомалӣ новобаста аз ҷавон буданашон тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ бо таҷрибаву малакаи баланди роҳбарӣ дар чандин сохторҳо тағйирот ворид намоянд ва вазъи соҳаро беҳтар созанд, ки ин бисёр ҳам натиҷаи баланд аст.

Ҳамзамон дар иваз намудани симои пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе нақши муҳим доранд. Зеро маҳз дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ шаҳри Душанбе ба як шаҳри зебову дилкаш ва мавриди писанди ҷомеа қарор гирифт, ҳамчунин ба зеботарин пойтахтҳои ҷаҳон табдил ёфт, ки ин хизмати бузурги муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошад.

Албатта, корномаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле рангину сазовори таҳсин хондан аст, зеро ҳар як амал ва нақшаву барномаи иҷронамудаи эшон ба худ як тағйирот, як навгонӣ барои рушду пешрафт аст, ки ин аз ҳамон малакаи баланд ва маҳорати касбиву самимияти он кас ба самти корашон мебошад. Чизи дигаре, ки ин ҷо мехоҳам ёдрас шавам ин аст, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз мактаби бузурги сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳраманд гардидаанд, ки гузаштан аз ин мактаб худ бахти баланду шараф аст.

Новобаста ба ҷавонии худ муҳтарам Рустами Эмомалӣ тавонистанд, ки дар миёни ҷомеа сазовори обрӯву мақоми арзанда гарданд, ки ин натиҷаи ҳамон талошҳо ва заҳматҳои он кас барои ободиву созандагии шаҳри Душанбе мебошад. Яъне, ҷомеа эшонро эътироф кардааст ва аз амалкарди он кас хурсанду хушнуд аст, ки ин мартабаи баланд на ба ҳар ҷавон муяссар мегардад.

Ҳоло, ки он касро ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб намуданд, хелеҳоро хурсанд намуд, зеро интихоб шудани он кас ба ҳайси раиси ин ниҳоди баланд ба он хотир аст, ки воқеан арзандаву садоқатманд ҳасатнд. Рустами Эмомалӣ нафаре ҳастанд, ки серталаб ва масъултяшиносу қавиирода ва албатта дар кори маҷлис ҳам ин хислатҳои нек мусоидат мекунад, то он кас ин вазифаи пурмасъулиятро   бо сари баланд иҷро намоянд.

Мо ҷавонон аз интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  хеле хушнуд буда, интихоби он касро дар маснади олӣ пирӯзии ҷавонон ва  садоқати баланд ба Ватан меномем!

Ш. Насриддинов

омӯзгори ДКМТ