РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ НАМУНАЕ АЗ МАКТАБИ БАЛАНДИ ВАТАНДӮСТӢ

Воқеан ҳам имрӯз ҷаҳон дар дасти ҷавонон гул мекунад. Зеро бисёре аз ҷавонони ватандӯсту меҳанпараст ва миллатпарвар барои саҳм гузоштан дар рушду нумӯи кишвари худ талош менамоянд ва бо ихтирооту таҷрибаи корбарӣ ва формулаи идории муайян кӯшиш мекунанд, то навгоние дар зиндагии аҳли башар ва махсусан сарзамини худ ба вуҷуд оваранд.

Дар ин замина Тоҷикистон ватани азизи мо низ дар канор нест ва аксарияти ҷавонони кишвар имрӯз дар пайрави аз сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоянд, то саҳми арзандаи худро дар пешрафти кишвари азизамон гузоранд. Ҳамин талошҳо ва заҳматҳо буд, ки имрӯз насли калонсоли кишвар ба ҷавонон таваҷҷуҳ менамоянд ва бовар мекунанд.

Ҷавонони даврони тиллоии кишвари мо воқеан ҳам арзандаву шоиста ҳастанд. Зеро онҳо бештар дар партави сиёсатҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами кишвар фаъолият менамоянд, ки ин бурди кор аст.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав интихоб шудани Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе ба ҳайси Раиси Маҷлис худ гувоҳ аз ҳамин гуфтаҳост. Яъне, ҳоло замоне фаро расидааст, ки дигар ҷавонон метавонанд дар тасмимгириҳои муҳими давлатӣ ширкат варзанд ва саҳми худро гузоранд.

Рустами Эмомалӣ воқеан ҳам номади арзанда ба ин маснади олӣ мебошанд. Зеро он кас ҳам таҷрибаи баланди роҳбарӣ доранд ва ҳам ду маълумоти академикӣ доранд, ҳам чандин забонҳои хориҷиро медонанд ва ҳамчунин аз вазъияти кишвар ба хубӣ огоҳанд, ки ин чиз тасмимгириҳои минбаъда мусоидат менамояд.

Ҳамзамон Рустами Эмомалӣ аз зҳумраи он роҳбарони ҷавоне ҳастанд, ки метавонанд, дар тасмимгириҳо мустақил бошанд ва ҳамчунин таҷрибаи баланди роҳбариро доранд.

Агар рӯйхати ҷавонони ватандӯст ва роҳбари ҷавонро дар кишвар тартиб бидиҳанд, дар сатри аввал ман номи Рустми Эмомалиро мегузоштам. Зеро он кас бо иродаи баланд, муҳаббати зиёд, садоқат ва самимият ва ҳамзамон мактаби роҳбарии мудерн тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ Душанберо ба як маркази байналмилалӣ табдил диҳанд ва шаҳрро дар қатори беҳтарин пойтахтҳои зебо ҷойгир созанд, ки ин шаҳодат аз ҳамон ҷасорату матонат ва самимияту баҳрамандии он кас аз мактаби идоракунии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Бешак Рустами Эмомалӣ аз беҳтарин номзад ба ин маснади олӣ ҳастанд ва ин интихобро ҳамчун беҳтарин интихоб дар Маҷлиси миллӣ унвон медиҳем.

Қ. Азизов

Омӯзгори ДКМТ