Дар таърихи давлатдории кишвари мо ҳодисаҳои фараҳманде рӯи кор меоянд, ки дар бунёди сарнавишти неки миллат аз худ нишони некро мегузоранд. Ба Раисии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардидани сиёсатмадори ҷавону умедбахш муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳодисаи фараҳманди таърихӣ мебошад.
Новобаста аз синни ҷавонӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар зинаҳои гуногуни роҳбарӣ фаъолият бурдааст ва ин таҷрибаву малака ва маҳорати кордониву ташаббуснишондиҳии ӯро дида Пешвои Миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раисии шаҳри Душанбе таъин намуданд.
Албатта ҷавони кордону умедбахш, донандаи хуби забонҳои хориҷӣ, сиёсатмадори ҷавон, марди хоксору ботаҳаммул Рустами Эмомалӣ метавонад, ки дар зинаи волои Парлумони кишвар боз ҳам ба манфиати давлату миллат ва пойдории сулҳу осоиштагии кишвари азизамон ташаббусҳои некро нишон диҳад ва дар оянда барои расидан ба ҳадафҳои боз ҳам созандатари кишвар дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат заковатмандии худро нишон диҳад.
Албатта, роҳ кушодани ҷавонон ба зинаҳои баланди идоракунии давлатӣ ва дастгирии онҳо дар шебу фарози ин роҳ шеваи хоси Пешвои миллати мо баҳисоб меравад. Пешвои миллат, ки худ дар айни камолоти ҷавонӣ ба зинаи сарвари кишвар расиданд ва дар набардҳои хунин бо ҷонбозиҳо сулҳу оромиро дар кишвар ҳукмфармо намуданд, имрӯзҳо зина ба зина дар мактаби сиёсии ҷавонпарваронаи худ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушд ҷавононро ҳамеша дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунанд.
Мо ҷавонон, ки Рустами Эмомалӣ низ ҳамсиннамон аст дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулияти давлатӣ комёбӣ намуда, ифтихор аз он мекунем, ки яке аз ҷавонони фаъоли кишвар имрӯз ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии мамлакат таъин гардидааст.
Дар фаъолият ва пешравии кори Рустами Эмомалӣ дар Раёсати Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барору комёбӣ таманно мекунем.
Осими Оқил
мудири кафедраи КККФ