РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БЕҲТАРИН РОҲБАРИ ҶАВОН

Аз таҷриба ва малакаи баланди сиёсии Рустами Эмомалӣ ба ҳайси як ҷавони воқиф аз сиёсат ва бархӯрдор аз мактаби сиёсии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле хуб огоҳем ва ин ки ҳоло эшонро ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намуданд, хеле хушҳол гардидам.

Зеро Рустами Эмомалӣ аз ҷавононе маҳсуб меёбад, ки аз мактаби баланд ва волои роҳбарии Роҳбари муаззами давлат гузаштааст ва ҳамчун худ таҷрибаи кофӣ дар корҳои давлатдориро дорад. Ҳамзамон Рустами Эмомалӣ дар корномаи худ таҷрибаи фаъолият дар чандин муассисаҳои давлатиро дорост, ки ин барои дарки ҳодиса мусоидат менамояд.

Инчунин ин таҷрибаи андӯхтаи Рустами Эмомалӣ барои ӯ имконият медиҳад, ки дар тасмимгириҳо а таҳлили ин ё он соҳаву ҳолат мустақим хулосабарорӣ намояд, ки ин на ба ҳар кас даст медиҳад.

Ногуфта намонад, ки Рустами Эмомалӣ мактаби сиёсӣ ё худ роҳбарии худро доранд, ки идомаи ҳамон мактаби Пешвои миллат аст. Ҳарчанд Рустами Эмомалӣ ҷавон ҳастанд, лек корҳоеро дар як муддати кӯтоҳ анҷом доданд, ки  далел аз таҷриба ва дониши баланди он кас мебошад.

Ҳоло агарчи мухолифин ва душманону бадбинони миллати тоҷик ҳар навъ тахмин мезананд, аммо мардум бояд ҳақиқатро бидонанд ва бар ин нукта таваҷҷуҳ фармоянд, ки он хоинон ва душманони миллат чашми дидани хушбахтии миллатро надоранд ва аз ин лиҳоз ба сари кор омадани як чеҳраи миллӣ ва донишманду ватандӯстро хуш намепазиранд.

Зеро Рустами Эмомалӣ идомадиҳандаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад ва ин ба эшон имконият медиҳад, ки дар ободиниву созандагии кишвар саҳми созгоре дошта бошанд.

Вақте, ки фарзанди барӯманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат қадм мениҳоданд, душманони миллат ҳар хел ҳангомаҳо месохтанд, аммо ин ҳангомаҳо садди роҳи ин абармарди олами сиёсат нагардиду Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз вартаи нобудӣ наҷот дод ва ба оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хомӯшӣ бахшид, ки ин қаҳрамонӣ на ба ҳар кас даст медиҳад.

Яъне, ҷасорат, шуҷоат ва далериву муҳаббати фарзонафарзанди миллат ба Ватан ва халқи тоҷик буд, ки эшон муваффақ шуданд ва ин формулаи мактаби он кас ҳаст, ки имрӯз аз ин таҷриба ва мактаб ҷаҳониён баҳра мебардоранд.

Рустами Эмомалӣ ҳам аз ҳамин мактаб гузаштаанд ва пастиву баландиҳои сиёсатро хуб дарк менамоянд ва ҳамзамон аз сиёҳу сафеди баъзе афрод бархӯрдоранд, ки ин бар манфитаи кор аст.

Интихоб шудани ин фарзанди асили миллатро ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳният гуфта, ин пирӯзиро муваффақияти мактаби маърифати Истиқлолият меномем.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ