РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ХУД ФАЗИЛАТИ РОҲБАРИИ ХОС ДОРАНД

Ҷавонон ҳамеша дар пайравӣ аз Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба ин ё он мақсад ва саҳм гузоштан ба ин ё он соҳаи мавриди ниёз талош менамоянд ва саҳми муносиби худро мегузоранд. Имрӯз дар тамоми ҷаҳон ва махсусан дар кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба ҷавонон боварии бештар доранд ва бештари корҳоро ба ӯҳдаи ҷавонон мегузоранд, то дар ҳадди аълояш иҷро намоянд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҷумҳурӣ иҷлосияи якуми Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати нав баргузор гардид, ки дар он аъзоёни нав муаррифӣ шуданд ва ҳамин тавр раси ва муовинони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ интихоб гардиданд. Дар иҷлосия бо овоздиҳии пинҳонӣ ҳама аъзоёни Маҷлис Рустами Эмомалиро ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд.

Интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз ҳам исӣот намуд, ки ҷомеаи меҳнатӣ ба ҷавонон боварии комил доранд ва умедашон низ калон аст.

Албатта, Рустами Эмомалӣ ҳарчанд ҷавон ҳам бошанд шахсияти арзанда ва бисёр ҳам таҷрибадор мебошанд, ки мо борҳо инро дар мисоли корҳои анҷомдодаи эшон дидаем ва борҳо шоҳид будем, ки чӣ тавр ин кадри ҷавон тавонистанд вазифаҳои дар вақташ иҷронашудаи раисони дигарро дар як муддати кӯтоҳ анҷом диҳанд ва албатта муваффақ ҳам шуданд.

Набояд фаромӯш кард, ки Рустами Эмомалӣ номзади арзанда ва дорои донишу таҷрибаи баланд ва фарҳанги волои сиёсӣ мебошанд, ки ин имкон медиҳад, то эшон дар қабули қонуну қарорҳо тасмимҳои ҷиддӣ бигиранд ва хулосаи зарурӣ бидиҳанд.

Албатта, ин ҷо аз бурдҳои Раиси тозаинтихоби  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ гуфтан бигирем агар китоб мешавад, зеро таҷриба ва маҳорати баланди корбарии Рустами Эмомалӣ ва ҳамчунин тасмимгириҳояшон барои беҳбуд бахшидани соҳаҳои муухталиф мусоидат намудааст ва бисёреҳо аллакай ҳамкорӣ бо эшонро як мактаби бузург меноманд.

Воқеан ҳам интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ худ гувоҳ аз рӯ овардани ҷомеа ба ҷавонон мебошад. Яъне, кунун замоне фаро расидааст, ки ҷавонон  барои саҳмгузорӣ дар фардои дурахшони кишвар худро нишон диҳанд ва ҷидду ҷаҳд намоянд.

Ҳоло интихоби Рустами Эмомалиро ба ин маснади олӣ фоли нек ва дурахши пирӯзиҳои ҷавонон дар кишвар меҳисобем.

Д.Давлатов

Омӯзгори ДКМТ