Дар ҳама давру замон дар халқиятҳо шахсиятҳое зиндагӣ мекунанд , ки эшонро ақидаю ахлоқашонро рафторашонро ва умуман шахсияти онҳоро дар як саф бо инсонҳои солимақл гузоштан аз имкон дур аст . Чунин шахсиятҳоро, ки нафъашон ба дигар одамон мерасад, онҳоро аз хонаю дар маҳрум мекунанд ва ҳатто аз ҳаёт маҳрум месозанд бо як дардманди «терроризм» гуфтан мумкин аст . Худ маънои «терроризм» ин зӯроварӣ ё таҳдид ба шахсони воқеӣ мебошад.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари ҷидди табдил ёфта ,ҷаҳони муосирро ба ташвиш оварда истодааст.
Одамони таълиму тарбия гирифта ҳаётро сабзу хуррам ва
шукуфон мегардонанд, одамони бемаърифату беадаб тираву тор ва пажмурда мегардонанд.
Бо иқдоми Роҳбари давлат ба забони тоҷикӣ таҳия ва нашр гардидани китоби муқаддаси «Қуръони карим » ва ройгон дастрас шудани он ба мардуми кишвар дар шинохти асолати дини мубини ислом нақши муҳим бозид.Ҳамчунин баргузории Соли бузургдошти сарвари мазаби ҳанафӣ Ҳазрати Имоми Аъзам аз зумраи тадбирҳои муҳимтарини тарбия ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум,бахусус таҳкими фарҳанги исломӣ ба шумор мераванд.
Мақсад аз ёдоварии тадбирҳои мазкур ва ҷашнҳои бузургони илму адаб бо ташаббуси Сарвари давлат дар замони муосир он аст,ки тавассути мероси гаронбаҳои мутафаккирони бузурги тоҷик баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон ,умуман маънавиёти ҷомеа маҳсуб мешавад.Ошкоро мегӯем,ки пеш аз ҳама афроде ,ки дониши казоии динӣ надоранд ,ба осонӣ метавонанд таҳти таъсири таблиғоти мубаллиғони ин гӯрӯҳ монанд.
Барои таъмин намудан шароит барои зиндагии арзандаи ҷавонони кишвар тамоми захираву имкониятҳоро фароҳам оварда истодааст.Дар баробари ин,ҷиҳати ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ гардониданисатҳи касбияти шаҳрвандон ҳар сол беш аз 100 ҳазор нафар ҷавонон ва калонсолон ба омӯзиш касбҳои гуногун ва бозомӯзӣ фаро гирифта мешаванд.
Оила дар баробари падидаи иҷтимои ва тарбиявӣ будан барои расидан ба рӯзгори обод ҳаёти солим вазифаҳои тарбияи маънавию ахлоқӣ,равонӣ ,таъмини шароити мусоиди маишию эҷодӣ,меҳнат ,беҳдошти саломатӣ ,ҳифзи саломатӣ,эҳсоси масъулият дар зиндагӣ ва амсоли инҳоро иҷро менамояд.Яке аз муҳимтарин вазифаи оила,ки ба ҳамаи комёбиву камолоти фард ва хислати инсонӣ нақши бештаяру таъсири муассир дорад,»тарбия» мебошад.
Омӯзгор – шахси соҳиби фарҳанги боло ва намояндаи барҷастаи он мебошад.Ба ӯ талаботи хеле баланд гузошта шудааст ,зеро маҳз ӯ фарҳанги шахсиятро тарбия мекунад ва фарҳанги насли ояндаро бунёд мекунад.
Чун мо дар муассисаҳои олии касбӣ қарор дорем аз ҷумла ин муассисаҳо, ки ҳоло 39 то ва шумораи донишҷӯён 170 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд ва ин шумора ҷавонон дар таҳти назорати мо устодон мебошад. Бояд зикр кард, ки бисёрии донишҷӯён аз ноҳияҳои дурдаст ба шаҳр омада таҳсил мекунанд ва аз назари волидайнашон дур мебошанд.Зеро таҳлилҳо нишон медиҳад ,маҳз донишҷӯёни иҷоранишинон даст ба ҳолатҳои номатлуб мезананд. Дар ин ҳолат мо бояд бо донишҷӯён ва падару модари онон алоқаи зич дошта бошем.Ҳар қадами онҳоро дар зери назорат гирифта дар мушкилоти онон маслиатгари онҳо бошем.
Адабиётҳои истифода шуда :
- Джон Баукер Религии мира.Серия :Домашний музей.Издательство :Слово ,Дорлинг Киндерсли.1997г
- Фаридун Ҳодибоев. Хонавода ва мушкилоти оиладорӣ.
Хуҷанд:СИ Норматов Н.Н.,2015.-84.
Ҳомидова М.И.
омӯзгори кафедраи таъминоти барқ