Имрӯз дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Шуъбаи кор бо ҷавонон бахшида ба ғалабаи футболбозони тоҷик дар бозиҳои Осиё бар дастаи футболбозони Аморати Муттаҳидаи Араб роҳпаймоӣ бо ширкати ҷавонону донишҷӯёни фаъол баргузор гардид.
Иштирокчиёни роҳпаймоӣ бо садо задани шиорҳои “Тоҷикистон ба пеш”!, “Ғалаба муборак”!, ” Парчамат ҳамеша бодо парафшон Ватанам”!, ” Ҷавонон пайравони ҷонфидои Пешвои миллат “! ҳаракат намуда, аз ғалабаи дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои Осиё, ки дар давлати Қатар баргузор гардидааистодааст, изҳори хушҳолӣ намуда, ба варзишкорони меҳан ҳамовозӣ нишон доданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯёни фаъол ҷиҳати нишон додани чунин ташаббус ба ҷавонони фаъол изҳори миннатдорӣ баён намуда, таъкид намуд, ки ҳамеша ҳамин хел фаъол ва ватандӯсту огоҳ бошанд. Мавсуф изҳор дошт, ки ғалабаи варзишкорони тоҷик дар Қатар барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихор аст ва мо аз ин хеле хушнуд ҳастему ба бозингарони Дастаи мунтахаби Тоҷикистон изҳори сипос баён менамоем!