Дар доираи татбиқи “Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми марти соли 2018, №159 тасдиқ шудааст, Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ оид амали намудани бандҳои ин стратегия ва омода намудани мутахассисони соҳибкасб дар соҳаи саноати кӯҳкорӣ чораҳои мушахас андешида истодааст.
Дар ҳамин замина санаи 28.02.2022с. донишҷӯёни факултети корҳои кӯҳӣ барои гузаронидани таҷрибаомӯзи пеш аз рисолаи хатмӣ, таҳти роҳбарии мудири кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, номзади илмҳои геологию минерологӣ Мутавалиев Абдуваҳоб Толибҷонович ба ноҳияи Сангвор, ба кони “Сангвори боло” сафар намуданд, ки дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз кафедраи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок иттилоъ доданд.
Донишҷӯёни айни ҳол ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзӣ дар корхонаи ҶДММ “Заринк”, дар самти омӯзиши геологӣ ва истихроҷи кони тилоии обрӯфти “Сангвори Боло” ва омӯзиши геологии зуҳуроти тиллои маъдандори “Румри” донишҳои амалиии худро ғанӣ гардонида истодаанд.
Роҳбарияти донишкада оид ба дастгирии донишҷӯён ҳангоми гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, барои муҳайё намудани шароити хуби маишӣ ва иҷтимоӣ, ба кулли кормандони ҶДММ “Заринк” минитдории худро баён менамояд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дарстури роҳбарияти донишкада дарсҳои амалии донишҷӯён дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва филиалҳои донишкада гузаронида мешавад, ки донишу малакаи донишҷӯён такмил меёбад.
Шуъбаи иттилоот