РОҲИ ЯГОНА ГУФТУШУНИД АСТ!

Баҳси марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон асосан баъди пошхӯрдани собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оғоз ёфт. Дар замони собиқ Шӯравӣ марз дар байни Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистии Осиёи Марказӣ нодуруст тақсим шуда буд, ки ин масъала дар китоби таърихшинос Раҳим Масов “Таърихи тақсимоти табарӣ” хеле возеҳу равшан бо санаду далелҳои раднопазир таҳлил шудааст. Мо инро дар мисоли марзи сарҳади ноҳияи Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо Ҷумҳурии Қирғизистон дида метавонем. Аз ин лиҳоз, дар байни мардуми тоҷики ин минтақаҳо бо мардуми қирғиз дар масъалаҳои тақсимоти об, истифодаи чарогоҳҳо мунтазам баҳсҳо рӯй медоданд.

Мардуми тоҷик бошанд, барои дӯстӣ ва ҳамсоягӣ ба қирғизҳо иҷозат доданд, ки мувақаттан аз чарогоҳҳо истифода баранд, аммо қирғизҳо бошанд, дар ин минтақаҳо хона, дӯкон ва ғайра сохта, ин заминҳои назди сарҳадиро азони худ карданӣ мешуданд. Дар натиҷаи ин баҳсҳои тӯлонӣ оқибат муноқишаи мусаллаҳона дар байни ду халқи ҳамсоя ба амал омад.

Мавриди зикр аст, ки мушкилоти марзии байни Тоҷикистону Қирғизистонро наметавон бо роҳи зурӣ ва муноқиша ҳал кард. Даъвои қирғизҳо бошад оид ба ворид намудани ҷамоати деҳоти Ворух ба Қирғизистон ягон асосе надорад, зеро деҳаи Ворух қисми ҷудонашавандаи марзи Тоҷикистон буда, Пешвои миллатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала қайд намуданд, ки  “масъалаи иваз кардани Ворух бо дигар қитъа вуҷуд надошт ва вуҷуд дошта наметавонад” ва бо ҳамин ба ин масъала нуқта гузошта шуд.

Бояд қайд намуд, ки таҷрибаи давлатҳои ҷаҳон нишон медиҳад, ки масъалаи ҳаллу фасли мушкилиҳои марзӣ танҳо бо роҳи гуфтушунид ҳал карда мешванд. Чунон чӣ, муноқишаи марзии байни давлати Исроил ва арабҳои Фаластин чандин даҳсолаҳо инҷониб давом дорад ва то ҳол ҳалли худро наёфта, аз ҳар ду тараф боиси марги зиёди одамони бегуноҳ гардидааст. Ниқтаи дигари мавриди таваҷҷуҳ ин аст, ки байни мардуми назди сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон рафтуомад, доду гирифт ва дӯстиву рафоқат солҳои зиёде вуҷуд дорад. Аз ин лиҳоз, ягона роҳи ҳаллу фасли баҳси марзии байни ду халқи ҳамсоя – тоҷикону қирғизҳо ин пеш аз ҳама, роҳи гуфтушунид ва эҳтироми дахлнопазирии сарҳади байни ду кишвари ҳамсоя мебошад. Зеро таҷрибаи таърихии созишномаи сулҳи тоҷикон, ки бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва имсол мардуми кишвар 24 солагии ин ҷашни бузурги миллиро ҷашн мегиранд, аз ин пешомади нек шаҳодат медиҳад. Ба ифодаи шоир мо мардуми тоҷик ва гузаштагони мо дар масъалаи ҳамсоягӣ байти зеринро шиор намудем:

Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.

Савриддин Бобоҷонов

 устоди кафедраи КККФ – и ДКМТ