Дар давоми даҳсолаҳои охир ва махсусан дар нимаи дуюми асри хх терроризм ва экстремизм мавриди таваҷҷуҳи ҳаматарафаи олимон ва сиёсатмадорон қарор гирифт, хусусан аз ҷониби коршиносони мамлакатҳои Ғарб омӯзиши ин зуҳуроти номатлуб дар мадди аввал гузошта шуд. Экстремизм дар шакли том ҳамчун пайравӣ намудан ба ақидаҳо ва ҳаракатҳои канорагирӣ хислат дода мешавад, ки қатъиян қонун ва қоидаҳои дар ҷомеа бударо инкор менамояд. Экстремизме, ки дар фазои сиёсии ҷомеа амал мекунад, экстремизми сиёсӣ ва экстремизме, ки дар фазои динӣ амал мекунад, экстремизми динӣ ном гирифтааст.
Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш – таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Тавре, ки Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи паёму баромадҳояшон зикр менамоянд бояд ҷавонон зиракии сиёсии худро аз даст надода, баҳри рушду нумӯи Тоҷикистон азизамон камари ҳиммат банданд. Фаҳмиши пурра ва шуури сиёсӣ надоштан, инчунин ба моҳияти дини мубини ислом сарфаҳм нарафтани ҷавонон сабаб гардида истодааст, ки онҳо фирефтаи суханҳои ҷаззоби ифротгароён ва бозичаи дасти онҳо гарданд. Баҳри шомил нашудани ҷавонон ба чунин ҳаракату гурӯҳҳо мо аҳли ҷомеа бояд сарҷамъона саҳмгузор бошем. Аввал мо бояд тарбияи фарзандро аз оила оғоз намуда, аз кӯдакӣ ӯро дар рӯҳияи инсондӯстиву ватандӯстӣ тарбият намоем.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҳақу барҷаста гуфтаанд: “Дӯст доштани Ватан аз дӯст доштани зодгоҳ сарчашма мегирад”. Воқеан ҳам, ба қавли маъруф, касе, ки модари худро дӯст намедорад, ягон модари дигарро эҳтиром нахоҳад кард. Вобаста ба ин ба ҳамагон зарур аст, ки дар дили ҷавонон ҳар чӣ бештар муҳаббат нисбат ба диёри маҳбуб ҷо дода шавад ва дар ин кор, албатта волидайн, омӯзгорон бояд таваҷҷуҳманд бошанд. Мо бар он назарем, ки барои нерӯманд будани тарбияи муҳаббат ба диёр дар донишҷӯён бояд имконияти тамоми фанҳо ба ҳам пайваста шаванд.
Имрӯз, ҷавонони мо қариб дар тамоми соҳаҳои ҷамъият бо шумораи беш фаъолият мебаранд, кору таҷриба меомӯзанд, ҳадафҳои созанда пешниҳод мекунанд, мехонанд, ҷӯё ҳастанд ва пайваста барои ободиву оромии ватан саҳмгузорӣ мекунанд, ки ҳамаи ин боиси ифтихор аст. Вале боз ҳастанд, ҷавонони сустиродаву камсавод ва беандешае, ки даст ба ҳар гуна амалҳои ношоям зада, ҳаёти худ ва наздиконашонро дар хатар мегузоранд. Аз ҷумлаи чунин ҷавонон, имрӯз ба сафи гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ шомил мешаванд, ки хушбахтона шумораашон торафт кам гашта истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки аллакай аксарияти эшон хатогии хешро дарк карда, даст ба амалҳои шоиста ва ободкорӣ мезананд.
Мо ҳама тарафдори сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми кишвар ҳастем ва набояд фирефтаи афкори бегонагон гардем. Арзишҳои демократӣ заруранд, аммо барои миллати сарбаланди тоҷик дар шароити кунунӣ бештар ҳифзи арзишҳои миллӣ пураҳамият буда, барои устуворию пойдории кишвари азизамон хеле муҳиманд. Тоҷикистони азизи мо паёмадҳои ҷанги нангини шаҳрвандиро нав аз байн бурда, ба роҳи устувори тараққиёту пешрафт қадами устувор мегузорад, ки мутаассифона бархе аз кишварҳо ва нотавонбинҳо таҳаммули дидани ин ҳама комёбиву дастовардҳои моро надоранд. Биёед, ба қадри сулҳу ваҳдат расида, барои фардои ободи Ватан сарбаландона заҳмат кашем.
Хулоса, вазифаи ҳар як шахси ватанпараст, миллатдӯст ва мусулмон, ба хусус ҷавонон, аз он иборат аст, ки ба чунин равияҳои номатлуби замони муосир ба монанди радикализм (тундгароӣ), экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм пайравӣ накарда, барои ҳифз намудани ҷомеаи озоду мустақили тоҷик ҳамеша саъю талош варзанд.
Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна
дотсенти кафедраи забони давлатӣ
ва забонҳои хориҷӣ