Тавре, ки қаблан иттилоъ дода будем, роҳбари барномаҳои Созмони миллали муттаҳид дар вилояти Суғд Мақсуд Орипов ҷиҳати ҳамкорӣ намудан бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда буд ва имрӯз барномаи омӯзишӣ баҳри таҳия ва навишту омодасозии лоиҳаҳои инвеститсионӣ, грантӣ ва амсоли он оғоз гардид.
Имрӯз Мақсуд Орипов бо омӯзгорони ҷавони донишкада, ки нияти такмил додани малакаву маҳорати хешро доштанд, семинар-машваратӣ омӯзишӣ гузарониданд, ки қарор аст, ин гуна семинару машваратҳо то ҳафтаи дигар идома пайдо намояд ва мо ҳатман ба хонандагон дар ин бора муфассалтар иттилоъ хоҳем дод.
Ёдовар мешавем, ки дар семинари имрӯза, фақат як бахши барномаи ҳамкорӣ ба амал татбиқ карда шуд ва ин боз идома дорад.
М. Сайидзода