Ту дар шиори Ватан беҳтарин сухан Роғун,
Бигашт тоза зи мазмуни ту Ватан, Роғун.
Кашад тамоми суханро ба хеш ин маъно,
Барад тамоми суханро ба пеш ин маъно.
Оре, ҳамаи сухан имрӯз аз Роғун аст, имрӯз субҳи мо бо корномаи бузурги аср, бо дастоварди бузурги меҳан, бо ба истифода додани агрегати дуюми НБО “Роғун” оғоз шуд ва ин беҳтарин субҳ барои тамоми тоҷикистониён буд. Тантанаи нуру шаҳомати Роғун тамоми кишварро фаро гирифта буд ва имрӯз ҳама аз ин нурҳои равшан ба нурҳои нангу ор мебардоштанд. Зеро маҳз бо талошу кӯшишҳо ва номусу иродаи қавӣ, сохтмони ин нерӯгоҳ дубора оғоз шуд. Нангу номус ва иродаи қавии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки мо ҳамаи монеаҳоро паси сар намуда ба ин рӯзи нек ва деринтизор расидем. Имрӯз дуюмин агрегати нерӯгоҳ ба кор дароварда шуд, ки ин беҳтарин имконият ва волотарин фурсат барои расидан ба ҳадафҳои бузурги миллӣ мебошад. Тоҷикистонро имрӯз бо бунёди бузургтарин нерӯгоҳ дар олам, Пешвои муаззами миллат чароғистон намуданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки Роғун ҷабҳаи ҳаётсоз барои давлату миллат аст.
Валиева Мастура
сардори шуъбаи аспирантура ва магистрантура