РОҒУН МАКТАБИ ТАҶРИБААНДӮЗИСТ!

Яке аз бузургтарин корномаи созандагӣ дар Тоҷикистони азиз ин бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” мебошад ва ин натанҳо як майдони созандагиву бунёдкорист, балки як майдон ва як сафҳаи аз ғайрату шуҷоат ва далериву мардонагӣ, як мактаби ватандорӣ ва созандагии бузурги миллати тоҷик аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар бунёд ва корҳои созандагии ин нерӯгоҳи азими кишвар ва тасмимгириҳои бузург шахсан худи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат намуданд, ки ин ба кормандон руҳу равони тоза бахшида, муҳаббаташонро дучанд гардонид. Ва ҳамаи ин муҳаббат ва талошҳову ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат албатта дарак аз саммимияти волои эшон ба тақдири миллату давлати Тоҷикистон мебошад. Мо ин ҳама лаҳза ба лаҳза огоҳ шудан аз вазъи сохтмон дар нерӯгоҳ ва сарфароз гардонидани кормандон бо ифтихорномаву мукофотҳо аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дар ёд дорем ва борҳо шоҳид гардидаем….

Лозим ба ёдоварист, ки  Роғун лоиҳаи беназири гидроэнергетикиест, ки метавонад на танҳо барои давлати мо, балки барои тамоми минтақа хидмати босазо кунад. Дар шароити  тағйироти глобалии иқлим, ки ба атмосфера партовҳои газҳои зараррасон ва маводи сӯхт хориҷ мегарданд, бунёди ин сохтмони аз ҷиҳати экологӣ бехатар аҳамияти ҷаҳониву башарӣ дорад. Албатта ин гуна барномаи бузурги созандагӣ дар Тоҷикистон ягона нест, аммо нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” беҳтарину бемислтарин аст. Ин нерӯгоҳ аз дигар тараф бо баландтарин садди обгардонаш дар ҷаҳон ҷойгоҳи хос дорад ва аз тарафи дигар на танҳо барои мардуми Тоҷикистон балки барои тамоми минтақа хизмат мерасонад.  Чуноне, ки коршиносе мефармояд: “Сохтмони Роғун сохтмони танҳо як истгоҳи барқӣ нест. Ин сохтмон зуҳуротест, ки бузургии миллати мо, ягонагии миллати моро аз имтиҳони воқеӣ ва бе гузашти худ гузаронидааст.  Бо бунёди Роғун мо, мисли ин ки худамонро,  сиришти ватандӯстонаи худамонро аз нав бунёд гузоштем».

Оре ҳамин гуна як майдони созандагӣ ба як мактаби таҷрибаву ватандорӣ мубаддал гардид ва мешавад солиёни зиёд аз ин корнома ва ё худ мактаб таҷриба андӯхт. Ин барои имрӯзиён ва насли фардои миллат бисёр ҳам муфид ва зарур аст.  Ин худ як исботи мустақилияту ваҳдати миллат аст.                                                               

                                                                                                       Саксанова Наима

                                                                                                      омӯзгори донишкада