РОҒУН – КОРЗОРИ НАНГУ НОМУС

Барои расидан ба ҳадафҳои бузург ва ноил гардидан ба дастовардҳои беназир имрӯз дар Тоҷикистон азиз бисёр корҳо ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла бунёди як силсила нерӯгоҳҳои хурду бузург дар кишвар баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз нишонаҳои гомҳои устуворӣ Давлату Ҳукумат ба ин ҷода мебошад. Нақши Пешвои муаззами миллат дар ин самт бениҳоят бузург аст ва мо шоҳиди шахсан лаҳза ба лаҳза таваҷҷуҳ намудани он кас ба нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” гардидем, ки ин на ба ҳар кас сазовор мегардад. Ёд дошта бошед, мо рӯзҳои сангин ва сахтаре доштем, аммо ҳамаи ин иродаву ақидаи моро баҳри расидан ба мақсадҳои воло тағйир надод ва мо тавонистем ба дастоварди бузурге мисли НБО “ Роғун” ноил гардем. Миллати тоҷик ҳарчанд дар тули таърих ва асрҳои зиёд заҷр кашидааст, ранҷ дидааст, аммо ғуруру нангу номусашро аз даст надодааст ва ҳамин нангу ор, шуҷоату ғайрати рустамӣ, номуси баланди ватандорӣ, ки мо дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебинем, маҳаки асосии бунёди ин нерӯгоҳи азим дар кишвари маҳбуби мо гардид. Ҳарчанд монеагузориҳо аз ҳар тараф дида мешуд, ҳарчанд бисёре аз кишварҳо намехостанд, ки ин нерӯгоҳ бунёд шавад, аммо шуҷоат ва муҳаббати баланди меҳанпарастӣ сипар шуду ин орзуву омоли деринаи миллат ҷомаи сабз ба бар кард.  Ин ҷумларо ҳам бояд қайд кард, ки давлати бузурги Шӯравӣ, ки иқтидор ва имконияти бузург барои сохтани нерӯгоҳи Роғунро дошт, ғайрат накард, ки ин нерӯгоҳҳо бисозад.  Аммо имрӯз мо дидем, ки чи гуна Пешвои муаззами миллат агрегати дуюми нерӯгоҳро ба кор дароварданд, ки ин албатта санаи тиллоии таърихи кишвардории Пешвои муаззами миллат ва рӯзи фаромӯшнашавандаи саодати миллати тоҷик аст.  

Душманон ва нотавонбинон имрӯз ҳам ба ин масъалаҳо таваҷҷуҳ намуда, гоҳо мардумро аз роҳ задани мешаванд, ки ин амали нанговар аст. Зеро ин корномаи бузурги Пешвои миллатро, ки гузаштагонамон орзуи диданашро ба хок бурдаанд, мо имрӯз дидем ва амалӣ шудани нақшаҳои бузургро шоҳид шудем.  

Имрӯзҳо хурду бузург, пиру барнои мамлакат ҷашн доранд ва ин шодиву хурсандиро ҳадду канор нест. Чуноне, ки муҳтарам Пешвои муаззами миллат қайд намуданд:

“Имрӯз Тоҷикистон ба хотири сохтмони нерӯгоҳи Роғун монанди ҷавони қавипайкар ва диловари қариб бистсолаест, ки ба мисли Фарҳоди кӯҳкан синаи кӯҳи хороро мешикофад, пеши дарёи шӯху саркаши Вахшро мебандад, кишвари худ ва минтақаро чароғистон мегардонад”.

Ва ҳамин чизро мо имрӯзҳо шоҳидем, мо дидем, ки чи гуна нангу номус ва ғуруру тавони тоҷик дар авҷ худ қарор дорад ва мо дидем, ки чи тавр барнодилон таронаи Роғун месароянд. Ин албатта як шоҳкор ва корномаи бузургест аз тарафи Пешвои муаззами миллат, ки баҳри бунёд ва корҳои созандагӣ танҳо худашон метавонанд бо он муҳаббат ва самимияти беанда ба миллату меҳан ба чунин амалҳо ва нақшаҳои бузург даст бизананд. Ва мо мардуми Тоҷикистон хурсанд аз он ҳастем, ки чунин сарвари хирадманду оқил ва тавонову ҷасурро ба мо Парвардигор ҳадя намудааст.

                                                                        Ҳошимов А.

                                                                        омӯзгори кафедраи таъминоти барқ