РОҒУН ИҚБОЛИ МИЛЛАТ!

Аз мӯҳри бозувонат, эй қаҳрамони Роғун!

Зад барқи ғайрат охир оташ ба ҷони Роғун!

Аз гуфта шарм дорад,акнун ба лаб гузорад,

Ангушти ҳайрати худ ҳар бадгумони Роғун.

Ҳар пора-пора сангаш оинадори нангаш,

Аз мумиёи мардӣ сахт устухони Роғун…

… Пайғоми рӯшноӣ, пайванди ошноӣ

Хезад зи корзори пиру ҷавони Роғун.

 

Оре, имрӯз Роғун корзори нангу номуси ватандорист. Нишони баланди инсониву ватандорист.

Роғун ҷилое аз таровати ахтарони меҳру муҳаббат аст!

Роғун порае аз самимияти ҳар ватандор аст!

Роғун нишоне аз иродаи рустамонаи мардону далерон аст!

Роғун корзори нангу номус ва майдони бузурги иродаву иқтидор аст!

Роғун шаҳсутуни иқтисоду корвони саодат аст!

Бо ба кор даровардани агрегати дуюми Роғун аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ватани азизамон Тоҷикистон чароғистон гардид ва шодиву нишоти ҳамватанонамонро ҳадду канор набуд. Ҷашн болои ҷашн, саодат аз думболи саодат, пирузиву зафар ин ҳама дар як рӯз миллати тоҷикро иҳота карда буд. Дар остони меҳру муҳаббат ва хурсандиву садоқат ҳар як ҳамватани мо истода буд ва ин як бахти баланду лаҳзаи нотакрори зиндагист.

Албатта ин ҳама лаҳзаҳо дар таърих сабт мешаванд ва дар сафҳаи саодати баланди миллат зикр меёбанд ва ин пеш аз ҳама талошу ҷоннисориҳои Пешвои муаззами миллат буд, ки мо ба ин рӯзи нек расидем. Ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд ба қадри ин ҳама неъматҳо бирасад ва ҳаргиз фаромӯш накунад ин лаҳзаҳои хушбахтиву иқболи миллатро.

                                                                   Облоқулов Воҳид

                                                                   муовини декани факултети

                                                                   электромеханика