РОСТИРО ҲАР КИ МЕСОЗАД АСОИ ХЕШТАН

Ба шарофати авзои муътадили кишвар мо даст ба дастовардҳо дорем.

Ба мо маълум аст, ки миллати тоҷик дар фазои Истиқлолият, сулҳу ороми ваҳдату ягонагӣ умр ба сар мебаранд, зеро ки дар ин даврон Тоҷикистон  аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳони гашт, миллати тоҷик бошад дар дар қатори дигар миллатҳо ҷойгоҳи амиқи худро дар байни миллатҳои дигари ҷаҳон пайдо  намуд. Имрўз бо гузашти айём мардуми Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамояд, ки Истиқлолият муќаддастарин ва азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва нерўи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад.

Ҳоло қайд кардан ба маврид аст, ки ана ҳамин сулҳу салоҳ, Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва тинҷиву оромии миллати тоҷик маҳз бо талошу замҳматҳои сарсупурдагони миллат, абармардаони далеру шуоҷоъ ва қаҳрамониву ҷоннисориҳои ҳазорон гузаштагони номдорамон ба даст омадааст.

Ҳадаф аз баёни ин гуфтаҳо дар он аст, ким о дар вақташ бо кӯмаки иқтисодиву иҷтимоии ғарбиён ё дигар мамоликҳо ба мустақилият набаромадаем, ки имрӯз бо қувваи кӯмак ва дасти мадади эшон ба по истем. Ягон қавму миллати ғарб, ҳатто дар ҳамон лаҳзаҳои кишвари тоҷик ба миллати ҷангзада мубаддал гардиду, баробар сӯи бародар тир мекушод, кӯмак накарда буданд. Якчанд давлатҳои аъзои Созмони миллали муттаҳид, танҳо фазои Истиқлолият ва сулҳи тоҷиконро эътироф намудаанд, ки дар ҳақиқат дар Тоҷикистон, Истиқлолият, Ваҳдат ва демократия ба маънои томаш вуҷуд дорад. Ва он имрӯз ҳамчун як давлати комилҳуқуқ аъзои Созмони миллали муттаҳид буда, дар ҳоли рушду тарққиёт қарор дорад.

Имрӯз низ ба касе кӯмаки онҳо лозим нест. Ва ҳоҷати он ҳам нест, ки ин исломгароёни роҳи адоват бо «заҳмати миёншикане» таваққӯъи қатъи кӯмаки иқтисодии ғарб, муҷозоти ошӯбгарон, ва озодии зиндониёни сиёсиёнро карданд, ки : «Мо аз шарикони ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост менамоем, то кӯмакҳои иқтисодӣ ва молии худ ба режими Эмомалӣ Раҳмонро қатъ кунанд; кӯмакҳое, ки барои таҳкими демукросӣ ва барқарории амният дода мешаванд, аммо ҳукумат онро дар саркӯби опозистсия ва дигарандешон сарф мекунад. Аз ҳамаи тоҷикистониёни муқими Аврупо ва ҳизбҳо ва ҷунбишҳо ва алоқамандон ба сарнавишти зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон ва низ расонаҳои гурӯҳӣ ва хабарнигорон хоҳиш ба амал меояд бо иштирок дар ин гирдиҳамоӣ, саҳми худро дар раҳоии зиндониёни сиёсӣ бигузоранд» гӯён муроҷиатнома изҳор намуда, дар ҳамин раванд аз СММ хоҳиш намуданд, ки кӯмак қатъ гардида, гирдиҳамоии бузургро ҷонибдорӣ намоянд.

Аз тоҷикони муқимии Аврупо, ки  даъвати ба гирдиҳамоӣ овардаашон дар ҳақиқат, маънои онро дорад, ки шаҳрвандони тоҷикро зидди давлату ҳукумат шӯронида, истодаанд.

Аминам, ки ин ҳадафи нопоку ғаразноки наҳзатиҳоро Созмони миллали мутаҳҳид бо дарки амиқ маҳкум намуда, арзиши амнияти миллати тоҷикро аз ин муғризон  болотар дониста, ҳадафҳои олӣ ва созандаи давлату Ҳукумати Тоҷикистонро пайравӣ менамояд.

 

                Олимов Абдумалик, номзaди илмҳои биология , устоди ДКМТ