Дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҷиҳати то ба мардум бурда расонидани дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ширкати беш аз 500 нафар фаъолони ноҳия мулоқоти гурӯҳи кории кумиҷроияи вилоятӣ бо сарварии ректори Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии шаҳри Бӯстон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ, узви Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ Муҳайё Дадобоева, сармуҳаррири нашрияи “Сухани халқ” Абдусабур Абдуваҳобов доир гашт.
Чорабиниро муовини раиси ноҳия Зӯҳро Муталибзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, баён дошт, ки сафари пурбори навбатии кории Пешвои муаззами миллат ба ноҳияи Ҷаббор Расулов руҳияи хурду бузурги ноҳияро болида гардонида, онҳоро ба амалҳои созанда раҳнамоӣ намуд. Махсусан дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати татбиқи босамари яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – таъмини анияти озуқавориро аҳли заҳмати ноҳия бо хуши истиқболӣ намуда, имрӯзҳо ба корҳои саҳроӣ вусъати тоза мебахшанд.
Дар баромади Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ раванадҳои минтақавию байналмилалӣ ва тафсири ҷойгоҳи Тоҷикистон дар ҷаҳони вазъияти рушди иқтисодӣ ва ислоҳоти низоми молиявии кишвар, масъалаҳо ва дурнамои рушди соҳаҳои саноат ва соҳибкорӣ дар мамлакат, дастовардҳо ва дурнамои сиёсати иҷтимоии давлат, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, таҳкими ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва таъмини амнияти миллӣ дар шароити муосир ва воридшавии Тоҷикистон ба марҳалаи нави рушд муфасал таҳлил ёфтанд. Таъкид карда шуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи Сарвари давлат сатҳи зиндагии мо беҳтар ва кишвари азизамон ободтар шуда истодааст. Мисоли барҷастаи гуфтаҳои болоӣ он аст, ки дар давоми 20 сол музди миёнаи меҳнат 87 баробар, андозаи нафақа 80 баробар ва даромади пулии аҳолӣ 75 баробар зиёд шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз роҳи тайкардаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум роҳи дуруст ва муваффақона аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Президент бо ду фармони худ ба хотири эҳтиёҷоти мардум, яъне раҳои аз гуруснагиву қашшоқӣ 75 ҳазор гектар замини обиро ба сокинон тақсим карда доданд, ки имрӯз ин заминҳо бо истилоҳи “заминҳои президентӣ” маъруф аст.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз супоришҳои меҳварии Пешвои муаззами миллат зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Суғд дар шаҳру навоҳии Исфара, Гулистон ва Ашт ин самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдошта мебошад. Мо беҳуда заминҳои президентиро ин ҷо мисол наовардем. Зеро аксарият ҳамин заминҳоро оқилонаву самаранок истифода намебаранд. Ба маълумоти Шумоён мерасонем, ки вазъи иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли равон хеле вазнин аст. Давлатҳои абарқудрат ва бузурге, ки барои истеҳсоли маҳсулотҳои ғалладонагӣ, равған, шакар нигаронида шудаанд, худ эҳтиёҷотиашонро таъмин карда натавониста истодаанд. Яъне, хавфи боз ҳам гарон шудани маҳсулотҳои ниёзи аввал дар назар аст. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳар порчаи рӯи ҳавлӣ, замини хоҷагии деҳқониро самаранок истифода бурда, ба мавсими тирамоҳу зимистон омодагии хуб бинем.
Зимни баромади Абдусабур Абдуваҳҳоб баён гардид, ки дар баробари бӯҳрони шадиди молиявӣ, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, ҳамзамон вазъи сиёсии ҷаҳон низ мураккаб аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки давлатҳои Шарқи наздик дар мисоли Сурия, Лубнон, Фаластин, Ироқ ва даҳҳои дигар чи тавр зиндагии оромона ва хушбахтона доштанд. Маҳз холӣ мондани фазои сиёсӣ, ривоҷ гирифтани ҳаракатҳои тундгароёнаи исломӣ боис шуд, ки имрӯз ин давлатҳо ноором аст. Шаҳрҳои азими онҷо ба майдони мубориза, озмоиши яроқҳои навбаромад гардида, бадбахтиаш он аст, ки ҷавонони хеле зиёде, аз ҷумла аз кишвари мо низ дар ин майдонҳо ҷон бохта истодаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи мо вазифадорем, ки дар маҳаллаву деҳҷойҳо вазъи зиндагии ҳамсоягонро омӯзем. Донем, ки фарзандҳоямон ҳам дар муҳоҷират ва ҳам дар ин ҷо ба чӣ кор машғуланд. Зеро аксарияти ҷавононе, ки имрӯз ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аъзо мешаванд, аз моҳият ва мақсадҳои нопоки онҳо огоҳ нестанд. Махсусан ҷавононе, ки имрӯз дар муҳоҷирати меҳнатианд ба ваъдаҳои дуруғи таблиғгарони ифротӣ дода нашаванд ва ҳаёти худро насӯзонанд.
Мавсуф дар идомаи хеш ҷиҳати роҳ надодан ба таълимоти ғайрирасмии динӣ, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ибрози андеша карда, ҳадафи ҲХДТ-ро дар мавриди бедории худшиносии миллӣ тавъманд бо ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон донист.
Имомхатиби ноҳия Абдусамад Қаҳҳоров аз аҳли нишаст даъват ба амал овард, ки ба қадри тиҷиву осудагии мамлакат расида, фарзандонро дар муҳити солими хонаводагӣ ба камол расонанд. Онҳо дӯстдори Ватан бошанд, зеро ватандорӣ ва ватандӯстӣ низ як гӯшаи имон аст.
Зӯҳро Муталибзода миннатдории фаъолони ноҳияро ба ташкилкунандагони мулоқоти озоду шаффоф ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд расонида қайд кард, ки аҳли заҳмати ноҳия дастуру ҳидоятҳои созандаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ –ро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, бо дастовезҳои арзанда ҷашҳои милли дар пешистодаро истиқбол мегиранд.