Робитаҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон густариш меёбанд.

Тибқи Супориши ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикитсон н.и.и, дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Насриддинов З.З., бо ҳайъати роҳбарикунанда,  устодон ва кормандони Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд.

Муовини ректор Насриддинов З.З., таърихи 4-уми декабри соли 2020 ба шаҳри Душанбе сафар намуда, бо роҳбарияти тозаинтихоби Коллеҷи кӯҳии ба номи С. Юсупова дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Алишер Суфиев вохӯрӣ намуда, стратегияи рушди муассисаҳоро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин бо муовинони директори коллеҷ, деканҳо, мудирони кафедраҳо ва шуъбаҳо кори машваратӣ баргузор намуда, масъалаҳои омодасозии мутахассисон, таҷрибаомӯзиҳои муштарак, корҳои илмиву таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва мутахассисони шуъбаҳо, роҳбарии илмиву методӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва ҷалби грант барои таҳқиқотҳои муштаракро баррасӣ намуд.

Вобаста ба ҳалли масъалаҳои кории ҷойдошта, суратҷаласаи ҳусни тафоҳум ва нақша-чорабинии корбарӣ тартиб дода шудааст.