РИОЯИ ТАВСИЯИ ТАБИБОН МОРО АЗ ДАҲШАТИ ҶАҲОНӢ НАҶОТ МЕДИҲАД

Чандест, ки дар масъалаи бещдошти саломатии аҳолӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳо зиёд аст ва ҳар шаҳрванд ва ҳар корбар дар ин маврид назари худро дорад, ки баъзан ин назарҳо мухолифи воқеият аст, ки метавонад таъсири манфӣ ба афкори умум бирасонад.

Ҳарчанд вазъ дар ҷаҳон ваҳим арзёбӣ мешавад, аммо феълан дар баъзе кишварҳо роҳҳои махсуси табобати пандемияи КОВИД-2019 пайдо гардидааст, ки имрӯз дар таҷрибаи тибби ҷаҳонӣ истифода мешавад. Аз ин хотир ба таври комил гуфтани он ки вазъ бад аст, комилан хатост, зеро  вазъ муътадил будан ё ором буданаш аз худи сокинон вобаста аст. Агар шаҳрвандон ҳама тавсияҳои табибонро ба инобат гирифта риоя намоянд, ҳатман вазъ рӯ ба беҳбудӣ меоварад, ва агар сокинон нисбати чораҳои пешгирикунанда ва ё тавсияҳои табибон беаҳмиятӣ зоҳир намоянд, на беҳбудии вазъро бояд интизор шуд, балки шадидтар шудани ҳолати мубталошавиро мушоҳида хоҳем кард.

Аз ин рӯ, ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки  баҳри ҳифзи саломатии худ талош варзад ва ҳамеша дар ҳолатҳои зарурӣ бо табибон дар тамос шавад ва  ҳолатро ба мутахассисон арзёбӣ намояд.

Анқариб аксарияти кишварҳои абарқудрат ва махсусан пешрафта сокинонашонро ба давраи карантинӣ фиристоданд, лек аз кор мондани заводу фабрикаҳоро ба инобат гирифта, ин карантинро ба таври миёнамӯҳлат қабул намуданд, то фабрикаву заводҳо аз кор намонад ва иқтисодиёт ба зону назанад. Зеро дар ҳолати бекориву хонанишинии оммавӣ ҳатман бӯҳрони иқтисодие ба вуҷуд меояд, ки ҷуброн кардани ҳамин як давраи ду се моҳа солҳоро талаб менамояд. Албатта, ин нуктаро ҳамаи коршиносони ҷаҳонии бахши иқтисод ҳам доимо такрор мекунанд ва ҳатто нишонаҳои бӯҳронро низ таъкид менамоянд, ки дар ин тарафи кор низ шаҳрвандон бояд бетараф набошанд.

Ҳоло аз онҳое, ки ҳеҷ як кору амалеро анҷом намедиҳанд ва зарурати ба берун рафтанашон ҳам нест, беҳтар аст дар хона бимонанд. Ва онҳое, ҳам ки сину солашон ба ҷое расидааст, хубтар мебуд, ки дар давраи феълӣ дар кулбаҳои хеш қарор гиранд.

Зеро ягона хидмати бузург ва роҳи ҳифзи саломатиро имрӯз мо метавонем бо ҳамин дар хона нишастан анҷом бидиҳем. Дарваи зуҳури коронавирус ё худ КОВИД-2019 акнун оҳиста-оҳиста паси сар мешавад. Ҳоло мо тамоми шаҳрвандони кишварро зарур меояд, ки барои ҳифзи саломатии ҷомеа ва худ дар хона бишинем ва безарурат ба бозору хиёбонҳо набароем. Ин иқдом метавонад суръати мубталошавиро суст намояд ва ба кулли ин пандемияи КОВИД-2019-ро аз байн барад.

Хоҳишмандам ба хурофот ва ба гуфтаҳои душманони миллат таваҷҷуҳ накунед, зеро хоинон ҳамеша дар фикри бадрӯзӣ кардани миллат ҳастанд. Риояи тавсияи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро ҳатмӣ иҷро кунед ва ҳатман аз мубталошавӣ эмин хоҳед монд.

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ