Ба хотири садоқат ба қалам ва ё дар талоши ризқ рузноманигор Мирзои Салимпур тарки Ватан карда солҳост гарди ғурбат мечашад. Чун белаҷом ки шуд, талх ҳарф мезанад. Рисолати худро нахди хоҷагонаш ба ҷо меорад.
Бешубҳа, расонаҳои ахбори умум таҷассумгари ҳақиқати воқеӣ бояд бошанд. Чунки ахборе, ки ба василаи онҳо мунташир мегарданд, дастраси омма гардида, дар ташаккули худшиносиву ҷаҳонбинии онон хизмат менамоянд…
Вале дар асл, хабари муғризонаву иттиҳомотӣ мақоми ВАО-ро назди ҷамъият паст мезанад. ВАО бояд қабл аз он ки ин ё он маводро манзури омма гардонад, бояд маълумоти меҳварии онро дақиқ бисанҷад, огоҳ бошад, ки баъди пахши он чӣ оқибатҳоро рӯи кор меорад. ВАО бояд холис бошад назди ҳама гуна мақомоту қувваҳо, дар зери фишор набояд қарор гирад, ба ҳама рӯйдод холисона баҳо диҳад, нақдро барои комёбӣ пеша намояд на барои бӯҳтону мунофиқӣ. Дар сурати росту ҳақиқӣ будани маълумот, агарчи хусусияти танқидӣ дошта бошад ҳам, касе аз он нахоҳад ранҷид ва ягон мақомот низ ба он эътироз баён нахоҳад кард.
Аз хони хоҷаҳои хориҷӣ ризқи худро ёфта Салимпул дар тасвири баёни ҳаводис ба ҳар манбаи беэътимод такя мекунад ва нуфузи мақомоти Тоҷикистонро берун аз он коҳиш медиҳад.
Қ. Азизов, сардори шуъбаи тарбияи ДКМТ