Боздид директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром аз донишкада

Имрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Субҳонзода Икром ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф овард. Меҳмонро ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ва дигар шахсони расмӣ пазироӣ намуданд.
Директори агентӣ Субҳонзода Икром нахуст аз дастовардҳои донишкада дидан намуда, сипас озмоишгоҳҳои фаъол ва навро дид. Ҳамчунин, дар доираи ин сафар Субҳонзода Икром маркази лабораторияи маҷозии кафедраи фанҳои табиӣ-илмиро ифтитоҳ намуд.
Зимни боздид аз озмоишгоҳҳои кафедраи мазкур директори агентӣ Субҳонзода Икром ба мудири кафедра Ҳоҷиев Саидмуқбил ва дигар омӯзгорону кормандон изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Дар интиҳо бо меҳмон акси хотиравӣ гирифта шуд.


Шуъбаи иттилоот