РЕШАҲОИ ИФРОТГАРОӢ ДАР ТАФАККУРИ НОСОЛИМ АСТ

Имрӯзҳо ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозад: яке –ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз қабили қиморбозӣ ва нашъамандӣ) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш. Ин зуҳуроти нохуш, ки оқибати он танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад. Сабаби аввал бекорӣ, аз кору заҳмат гурехтан ва ҷустани роҳи осону беранҷи зиндагист. Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати ҳаётро меҷӯянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораку инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомӣ ва бесарусомонӣ эҷод мекунанд.

Барои дарки дурусти моҳияти ин мавзӯи мубрами рӯз дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талоши ҷиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала рӯшанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намудаанд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ менамуданд. Бо мурури замон муносибат, шакли мубориза ва омилҳои таъсиррасонии ин раванд дар ҷомеа дигаргун шуда, давра ба давра вобаста ба тараққиёти инсоният шаклу шамоилҳои этникӣ, миллӣ, динӣ ва минтақавиро ба худ касб менамояд.

Барои оммафаҳм шудани мавзӯъ моро зарур аст, бо як қатор мафҳумҳое, ки бо ин раванд алоқаманд аст, шиносоӣ пайдо намоем.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ифротгароӣ- экстремизм, фундаментализм – бунёдгароӣ ва тундгароӣ – радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задании низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.

 Табдил гардидани мӯҳити динӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ба тундгаро шудани он аслан аз мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қисматҳо ҷудошавии он дар асоси ҳузури исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, инчунин, нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон ва маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон мебошад. Кишварҳои дунёро зарур аст, дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ по бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.

Дар таърихи 12 ноябри соли 2016 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №776, ба мақсади пурзӯр намудани муқовимат бо экстремизм ва терроризм «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» қабул гардид. Ин ҳуҷҷати муҳим барои таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизму терроризм ва дар ин замина муттаҳид намудани тадбирҳои муштараки органҳои қудратии кишвар, мақомоти идоракунӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба пешгирӣ намудани ғояҳо ва фаъолияти экстремистӣ ва террористӣ саҳми басозе хоҳад гузошт.

 Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи «амният» муродифи калимаи «давлат» аст ва баръакс. Аввалин тасаввурот оид ба ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи «давлат», зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро аз ҳама намуди хатарҳои номатлуби ҷаҳони имрӯзаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, олими машҳур Томас Гоббос мегӯяд: «Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз».

Дар таърифи классикии давлат унсурҳои асосӣ – миллат ва миллатҳо, қаламрав, ташкилоти сиёсӣ, пойдору мустаҳкам будани қонун, ҳуқуқ ва имконоти қонунии ҳокимияти сиёсӣ оид ба истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ дар ҳудуди ин воҳиди сиёсӣ муайян карда шудаанд.

Вазъи имрӯзаи олам, минтақа мураккаб аст. Масъалаи аслӣ – таъмини амнияти шахс, ҷомеа ва худи давлат мебошад. Дар маркази баҳс масъалаи ҳифзу сулҳу суббот ва амният меистад. Ин мавзӯъи дараҷаи аввал маҳсуб мегирад. Ҳар нафаре, ки қудрати фикри солимро дорад намехохад ба корҳои номатлуби замон даст занад. Чунончӣ Ҳофиз дар  ин бобат мегӯяд: «Чеҳра ба гиря бишӯяд ва оҳанги рақс аз оҳу нола биҷӯяд».

М.Аминҷонова, омузгори ДКМТ