РЕШАИ ВАБОИ АСР БАРКАНДА БОД!

Баробари ба дастовардњои назарраси илму техника ноил гаштани инсоният дар ќарни XXI омилњое вучуд доранд, ки ба амнияти љомеаи љањонї тањдид менамоянд. Бахусус, торафт доман пањн карда истодани зуњуроти ифротгарой ва терроризм боиси нигаронист.
Ба њамаи мо маълум аст, ки дини мубини Ислом њама гуна зўровариро нисбати кўдакон, љавонон ва љомеаи башар мањкум менамояд. Мувофиќи моддаи 8 Конститутсияи Љумњурии Тољикистон, «Дар Тољикистон њаёти љамъиятй дар асоси равияњои гуногуни сиёсй ва мафкуравй инкишоф меёбанд. Мафкураи њеч як њизб, иттињодияи љамъиятй, динй, њаракат ва гурўње наметавонад ба њайси мафкураи давлатї эътироф шавад». Ташкилотњои динї, ки тибќи ќонун, аз давлат људо мебошанд, ба корхои давлатй дахолат карда наметавонанд, лекин давлат аз болои дин ва муассисањои он бемамониат назорат бурда метавонад.
Муќаррароти ќонун доир ба роњ надодани иштироки фарзандони ноболиѓ дар фаъолияти иттиходияхои динй ва чорабинињои дастљамъ- онаи динй, њамчунин манъи гирифтани таълим дар таълимгоњњои гайриќонунй, пеш аз њама, ба хотири пешгирй кардани воридоти њар гуна афкори бегона ба мафкураи насли наврас мебошад. Зеро баъзе намояндагони дин зери парчами Ислом баромад карда, бањри амалй кардани њадафњои нопоки худ мафкураи љавононро зањролуд намуда, ањкоми шариатро ба манфиати худ фањмонида, љавононро ба роњи ифротгарой ва њурофотпарастй њидоят мекунанд.Љавонан, ки њанўз маф- кура ва љањонбинии сиёсиашон ташаккул наёфтааст, гуфтањои чунин рўњониёнро ќабул медоранд ва ин боиси аз таълимот ва фарњанги муосир дур мондани ин зумра чавонон мегардад.
Ифротгароии динй мањсули фарњанги номукаммал ва натиљаи љањолати мардумист. Имрўзњо чунин тамоюле ба назар мерасад, ки на танхо баъзе чавонон аз кшлвари мо, балки шахрвандон аз давлатњои тараќќикардаи дунё њам ба гурўњњои террористиву экстремистй шомил мешаванд. Ин вазъ аз љомеам љањонй ва .созмонњои бонуфуз таќозо менамояд, ки дар љараёни мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм усулњои муосирро тањия намоянд, то решањои ин вабои аср аз бех канда шаванд.
Яке аз самтњои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар муњити љамъиятй пешгирй намудани он мебошад. Роњандозй на- мудани як ќатор наќша – чорабинињо, аз љумла вохўрї бо кормандони њифзи њуќуќ, уламои дин ва адибону олимон дар байни љавонон хело бамаврид буда, бањри васеъшавии љањонбинии диниву сиёсии љавонон мусоидат мекунад.
Дар роњи дастгирй ва њамовозй ба давлатй хеш имрўз тарбияи фарњангии љавонон ањамияти муњим дорад, зеро љавонон созандагони ояндаи љомеа буда, аз љањонбинию љањонсозии онхо инкишофи минбаъда вобастагї дорад. Наќши падарону модарон, устодон, олимону адибон ва љамъи солхурдагоне, ки пастию баландии зиндагиро хуб медонанд, бояд дар таълиму тарбияи насли наврас нишонрас бошад. Моро лозим аст, ки насли љавонро дар рўњияи ростию покй, адолату ватанпарастй ва худо- гоњии миллй бо истифода аз мероси маънавии миллатамон тарбият намоем. Масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм дар Тољикистон яке аз вазифањои муњимтарин буда, таъмини амнияти давлат дар ин замина кафолат дода мешавд.
Имрўз моро зарур аст, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайњи ин равияй манфур муборизаро пурзур намоем.

ХОЛОВА Ф.Ф ассистенти кафедраи
фанњои гуманитарй-иљтимоии Донишкадаи
кўњию-металургии шањри Бўстон.