Санаи 23.10.2023с. пас аз анҷоми соатҳои дарсӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз ҳоли донишҷӯёни муқими хобгоҳи рақами 1-и донишкада боздид ба амал оварда, бо шароити зисту зиндагонӣ ва имкониятҳои хобгоҳ шинос гардид. Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯён мулоқоти ошкоро баргузор намуда бо донишҷӯён суҳбати самимӣ анҷом дод.
Зимни суханронӣ ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз суханони ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид кард, ки маҳз бо талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таълиму тадрис, кору фаъолият барои ҷавонон беҳтар карда шуд ва Сарвари маҳбуби кишвар ба ояндаи ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки мо ҳам аз ин сиёсат ҷонибдорӣ намуда, онро амалӣ менамоем. Аз ҳамин хотир, Шумо донишҷӯёни муҳтарам бештар хонед ва вақти худро беҳуда нагузаронед. ҳар лаҳзаи беҳудаи умр талафоти бузурги ҳаётӣ мебошад. Донишҷӯ бояд омӯзад, пажӯҳиш барад, забонҳои хориҷиро омӯзад ва барои мутахассиси беҳтарин шудан талош кунад. Имрӯз, имконият ҳаст, хонед донишҷӯёни арҷманд, имрӯз фурсат ҳаст онро самаранок истифода баред. Зеро дар дигар ҷой чунин шароит вуҷуд надорад ва ин имконияти ҳозира пайдо намешавад. Ман ҳамчун ректори донишкада вазифадорам, ки нисбати Шумо донишҷӯёни азаиз падарона ғамхор бошам ва ҳар мушкиле дорад, муроҷиат намоед, ман омодаам, донишҷӯёнро дастгирӣ кунам.
Ҳамзамон, ректори донишкада оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст назадан ба қонунвайронкунӣ ва тарбияи ватандӯстӣ сухан ронда, донишҷӯёнро ба садоқат ба Ватану миллат ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ даъват намуд.
Сипас, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлудахон суханронӣ намуда, ҷиҳати фаъолӣ ба донишҷӯён изҳори миннатдорӣ баён кард. Ёдовар мешавем, дар ин бегоҳ ректори донишкадаро сардори шуъбаи тарбия Муслимзода Хайём, сардори хобгоҳи рақами 1 Азизов Қурбон, сардори шуъбаи ҷавонон Насриддинов Шаҳбоз, сардори қисми хоҷагию маъмурӣ ва муовинони деканҳо оид ба тарбия ҳамроҳӣ намуданд.