Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамроҳ бо директори донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Жен Гентян, директори ҷониби тоҷикистонии ҳамин донишкада Валиева Мастурахон омӯзгори забони чинӣ Ма Чиро, ки нав аз Ҷумҳурии халқии Чин омадааст, ба ҳузур пазируфт. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба хонум Ма Чи барои ташриф ва қабули пешниҳоди Донишкадаи Конфутсий изҳори миннатдорӣ намуда, арз доштанд, ки пешаи омӯзгорӣ дар кишвари мо пешаи пуршараф аст ва бояд, ки обрӯ ва мақоми омӯзгор ҳамеша дар сатҳи баланд қарор дошта бошад.
Сипас,ба Ма Чи барору комёбиҳо таманно намуда, тавсия доданд, ки ҳамеша бо шавқ ва масъулияти дучанд рисолати омӯзгориро анҷом бидиҳад.
Шуъбаи иттилоот