Имрӯз дар толори хурд ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид, ки дар он ректори донишкада қабл аз баррасии масъалаҳои ҷорӣ ба олими ҷавон мудири кафедраи таъминоти барқ Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа шаҳодатномаи идораи патентиро тақдим намуд.
Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа дар пайи ихтирои “Тарзи муайянкунии гармигузаронии маводҳои композитсионӣ” соҳиби шаҳодатнома ё худ патент гардид.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ талоши кӯшиши олимони ҷавони донишкадаро шоистаи таҳсин хонда, таъкид намуд, ки ин гуна ихтироъҳо бояд бештар карда шавад.
Мавсуф ҳамчунин ба Абдуллоев Муҳаммадхӯҷа ҷиҳати чунин дастоварди илмӣ изҳори миннатдорӣ баён кард.