Имрӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий Рен Ген Тиан мулоқот намуданд. Дар мулоқоти имрӯза, ҳамчунин директори ҷониби тоҷикистонии донишкада Валиева Мастура, муовини ректор оид ба таълим Насриддинов Замониддин, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ширкат намуданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст аз ҳолати кор ва фаъолияти кормандони Донишкадаи Конфутсий пурсон шуда, иброз доштанд, ки барои омода намудани мутахассисони ҳирфаӣ бояд талоши бештар ба харҷ дод.
Ҳамзамон, ҷонибҳо ҷиҳати ташкили маркази омода намудани мутахассисони донандаи забони чинӣ ва соҳаи кӯҳкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар интиҳо ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба директори ҷониби чиноии Донишкадаи Конфутсий дар назди донишкада ифтихорнома тақдим намудаанд.
Ҳамчунин, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ғолибони озмуни байналмилалии донандагони забони чинии “Пули забони чинӣ” ифтихорномаву кубоки сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдим намуданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон фаъолияти худро ба роҳ мондааст ва дуюмин маркази равнақи фарҳанги чинӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.
Шуъбаи иттилоот