Дар партави сиёсатҳои хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии раиси иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад аз мактаб-интернати рақами 40-и шаҳри Конибодом дидан намуда, 8 адад камераҳои назоратӣ ва тарбузу меваҳои тару тоза тақдим намуданд.
Ҳини ташриф ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин аз намуди берунии бинои мактаб-интернати санатории шаҳри Конибодом ва боғот дидан намуда, нақшаи таъмиру тармими биноро баррасӣ намуданд.
Гузаронидани оби полезӣ ва нав намудани дарвозаи мактаб-интернати санатории рақами 40-и шаҳри Конибодомро дар кутоҳтарин фурсат ректори донишкада ваъда доданд.
Ёдовар мешавем, ки имрӯзҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамаи сохторҳои донишкада ба ятимхонаву хонаҳои пиронсолон кӯмакҳои якдафъаинаи худро мерасонанд.
Шуъбаи иттилоот