Имрӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ як қатор омӯзгорон ва мудирони шуъбаву кафедраҳоро, ки батозагӣ ба вазифаҳои нав таъйин шуданд ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти мулоқот аз ҳар як нафари интихобгардида ба вазифаҳои роҳбарикунанда тақозо карда шуд, ки бо дили соф ва виҷдони поку содиқона ба кор шурӯъ кунанд ва кӯшиш намоянд, то обрӯву эътибори донишкада ва шарафи омӯзгорро ҳимоя кунанд.
Ҳамчунин, муҳтарам ректор н.и.и.,дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ иброз доштанд, ки ҳар қадар имконият доред, барои пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистон сарф намоед, то баъди шумо дигарон ин анъанаи некро ҳамчун рисолат идома диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи тағйироти кадрии дар донишкада баамаломада, як қатор вазифаҳо холӣ буданд ва аз миёни омӯзгорони ботаҷрибаву содиқи донишкада кадрҳо ба ин вазифаҳо таъйин карда шуданд.
М. Сайидзода