Гузориши муфассал аз ташрифи ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба хобгоҳу биноҳои таълимӣ ҷиҳати омӯзиши вазъияти мавҷудаи донишкада
Дар партави сиёсатҳои маорифпарваронаву башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар ҳама гӯшаву канори ҷумҳурӣ корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати фароҳам сохтани шароитҳо ба насли наврасу ҷавон идома дорад ва роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар пайрави аз сиёсатҳои маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагиву ободкориро равнақ додаистодаанд, то ҳамаи шароитҳо барои донишҷӯён муҳай гардад.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ барои омӯхтани вазъияти мавҷуда ба синфхонаҳои таълимӣ ворид гардида, бо вазъи таълиму тадрис ва имкониятҳои мавҷуда дар синфхонаҳои таълимӣ шиносоӣ пайдо намуданд.
Сипас, муҳтарам ректор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз биноҳои таълимӣ ва қисмҳои таъмирталаби биноҳои рақами № 2 ва №3, ки ҳолати вайроншавии девори бино дида мешавад, дидан карда, ба масъулин супориш доданд, то дар муддати кӯтоҳ аз нав таъмир карда шаванд.
Ҳамчунин, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳамроҳии муовинони ректор Қозиев Камолудин, Насриддинов Замониддин, Аминҷонова Мавлуда ва сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Ҷабборов Абӯмуҳаммад , сардори шуъбаи кадрҳо ва таъминоти ҳуқуқӣ Мӯминова Дилором , декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гулӣ, декани факултети электромеханика Шамсиддинов Шуҳрат., декани факултети металлургия Умарҷонов Абдусафо ба бинои хобгоҳи рақами 3 ташриф бурда, аз ҳолати корҳои таҷдиду азнавсозии хобгоҳи мазкур аз наздик ошно гардиданд ва ҳамзамон таҳхона ва дигар биноҳои зербиноро низ дидан намуда, таъмиру коршоям намудани зербиноми мазкурро ба Ҷабборов А. ва маъмури хобгоҳ Азизов Қ.М. супориш доданд.
Зимни ташрифи хеш муҳтарам ректори донишкада Бахтиёр Маҳмадалӣ бештар аз шароити зисту зиндагонии донишҷӯёни маскуни хобгоҳ бохабар гардида, ба масъулин супориш доданд, то дар кӯҳтоҳтарин шароит хобгоҳи мазкур ба талаботи замон ҷавобгӯ гардонида шавад. Ҳамаи таҷҳизотҳои зарурӣ ба мисли телевизор, яхдон ва дигар имкониятҳо барои зисту зиндагии донишҷӯён зарур ба хобгоҳ харидорӣ карда шавад, то донишҷӯён аз ҳама имкониятҳо баҳравар гарданд.
Ёдовар мешавем, ки хобгоҳи мазкур чандин сол боз таъмирро надидааст ва имрӯз барои беҳтар гардонидани шароити хобгоҳ дару тирезаҳои нав ва ҳамчунин гарм оварда шуданд, то дар фасли сармо донишҷӯён мисли ҳарсола азоб накашанд. Феълан корҳои азнавсозӣ ва иваз намудани дару тирезаҳои корношояму фарсудаи хобгоҳи мазкур оғоз гардидааст ва бо супориши ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ қарор аст, дар хобгоҳи мазкур китобхона ва толори махсуси гузаронидани чорабиниву машғулиятҳои бадеӣ дар хобгоҳ таъсис дода шавад.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин супориш доданд, ки ба донишҷӯён ҳамчун фарзанди худ бингаранд ва талош кунанд, то ҳамаи шароитҳоро ба онҳо муҳайё намоянд. Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳор доштанд, ки фарзанди мардум ба умед ба ин ҷо меоянд ва мо бояд ба онҳо ғамхор бошем, то эҳсоси нороҳатӣ ва дуриро набинанд. Мо, вазифадорем, ки ҳама шароитро барои кадрҳои оянда муҳайё намоем ва ғамхорӣ ба насли ҷавону кадрҳои ояндадор маҳз аз ҳамин хобгоҳ оғоз мегардад. Хобгоҳ, бояд дорои ҳама шароитҳо бошад, то донишҷӯ бо дидани ин муносибату ғамхорӣ бо ҷидду ҷаҳд дар ҷавоби ин ғамхориҳо барои хизмат ба миллату давлат талош варзад ва илмҳои замони хешро азхуд намояд.
Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамчунин аз имкониятҳои мавҷудаи хобгоҳ дидан намуда, ба масъулин ҷиҳати бунёди осорхонаи илмӣ-техникӣ ва таъмиру таҷдиди осорхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон воқеъ дар бинои таълимии рақами 3 супориш дода, таъкид намуданд, ки аз қолабҳои кӯҳнаи корӣ даст кашида, ҳама имкониятҳоро истифода бурда, ба халқу давлат содиқона хизмат намоянд.
Ҳамзамон, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз лоиҳаҳои дар ояндаи наздик амалӣ мегардида, аз бинои қаҳвахонаи “Ҷавонӣ” дидан намуда, ҷиҳати бунёди озмоишгоҳҳо ва дигар марказҳои омӯзишӣ ба масъулин машварат доданд.
М. Сайидзода