Дирӯз ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо мақсади огоҳ гардидани вазъи таълим аз биноҳои таълимии факултети корҳои кӯҳӣ дидан намуда, аз рафти дарс ва таълим дар ин факулта огоҳӣ пайдо намуданд.
Ҳамчунин, ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати хубтар огоҳ гардидан аз раванди таълим бо донишҷӯён суолу ҷавоб намуда, аз камбудиву норасогиҳо пурсон шуданд ва ҳамчунин ҷиҳати пешрафти дарсҳо пешниҳоди онҳоро дархост намуданд, ки ин аввалин дидори роҳбарияти донишкада бо донишҷӯён мебошад.
Албатта, барои донишҷӯёни мазкур ногаҳонӣ буд, ки бори аввал дар кадом шароит ва чӣ гуна таҳсил намуданашон пурсида мешавад, хоҳишҳояшро шунида мешавад.
Ҳамчунин, дар интиҳо ба садорати факулта супориш дода шуд, то бо донишҷӯён тамоси доимӣ барқарор карда шаваду арзу шикоятҳо ва дархосту пешниҳодҳояшон ба инобат гирифта шавад.
М. Сайидзода