Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар барномаи “Амният ва ҷомеа”-ТВ Суғд

Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон н.и.и., дотсент  Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамроҳ бо дигар ректорон  Ҷӯразода Ҷамшед, Шарифзода Муъмин ва сардори шуъбаи робита бо ҷомеаи вилояти Суғд  Тоҷибой Султонӣ   дар барномаи “Амният ва ҷомеа”-и телевизиони Суғд  ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзиданд.

Маҳмадалӣ Бахтиёр дар  атрофи нуктаҳои асоси Паём самтҳои энергетика, саноат  ва  суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ муждаи нав дар роҳи расидан ба ҳадафҳои устувор ва олии мамлакатамон барои зиндагии шоистаи мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамчунин, дар Паёми имсола ба Маҷлиси Олӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илова намуданд, ки “Ҷиҳати рушди саноати маъдан ва дигар соҳаҳои саноати коркард ба Саридораи геология якҷо бо вазорату идораҳои марбута супориш дода мешавад, ки дар асоси таҳлили захираҳо ва дараҷаи омӯзиши геологии онҳо лоиҳаи Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияро барои солҳои 2021 – 2030 таҳия ва ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд2”.

Аз ин рӯ, вазоратҳои саноат ва технология нав, Саридораи геология ва дигар институтҳои марбутаи соҳавиро зарур меояд, ки бештар баҳри омӯзиши имкониятҳои мавҷудаи саноатӣ, ҳамчунин фарогирии ҷузъиётҳои соҳавӣ ва тақвият бахшидани самти кор дар ин соҳа барномаҳои навро роҳандозӣ намоянд. Аз ҷумла корхонаҳои саноатӣ ва дигар институтҳои пажӯҳиширо лозим меояд, ки бо секторҳои хусусӣ ҳамкориҳоро беҳтар созанд ва баҳри татбиқи илм ба истеҳсолот кӯшиш намоянд.

Имкониятҳои кишвари мо, иқтидори содиротии соҳа хеле бузург  аст ва дар ин самт бояд мутахассисон омӯзишҳо гузаронида, барои коркарди маъданҳо ва дигар ашёи хом, ифшои конҳои мавҷудаи захираҳо замина фароҳам оваранд.

Соҳаи саноат имрӯз метавонад анқариб 90 фисади зӯромади иқтисодии кишварро сабук созад ва имкониятҳои нав фароҳам оварад, ки барои ин моро зарур аст, то конҳои навро кафш намоем, захираҳои мавҷударо васеъ омӯзем, металлургияи ранга ва сиёҳро равнақ диҳем, ашёи хомро бо истифода аз захираҳои ватанӣ ба маҳсулот табдил диҳем.

Дар ин самт, тавре, ки ба вазоратҳои марбута, мақомотҳои иҷроияи вилоят ва шаҳру навоҳӣ супориш дода шуд, ки монеъаҳои сунъиро бартараф созанд ва барномаҳои дастгирии соҳибкоронро тақвият бахшида  онҳоро дастгирӣ намоянд.

Тавре, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодааст, баҳри зиёд намудани иқтидори “энергияи сабз” имрӯз дар кишвар шароитҳо фароҳам оварда шудааст ва кишвари Тоҷикистон аз лиҳози истеҳсоли “энергияи сабз” дар ҷаҳон дар ҷойи сеюм меистад. Бахшида ба 30 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз корҳои ободонию созандагӣ идома дорад, ки дар ин замина барои расидан ба иқтислолияти комили энергетикӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шудааст.  Ҳоло 2 агрегати НОБ-и Роғун ба истифода дода шудааст ва ҳамчунин барои зиёд намудани иқтидори истеҳсолии НОБ-и Сангтӯда 1 ва Сангтӯда 2, имрӯз барномаҳо амал мекунанд. Таъкид гардид¸ки дар  ВМКБ  НБО “Себзор” дар солҳои оянда ба истифода дода мешавад, ки ин ҳам барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум мусоидат менамояд.

 

 Манбаъ:

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ., соли 2021
  2. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ., соли 2021. саҳ 7.