РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ИСТАНБУЛ: «ТОҶИКИСТОН ВА ТУРКИЯ- ШОҲИДИ ДУ КӮШИШИ НОКОМ БА ТАБАДДУЛОТИ ДАВЛАТӢ»

Чунонки маълум аст, дар шаҳри Истанбули Туркия Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Зарурати муборизаи муштарак бар зидди ташкилотҳои террористӣ» баргузор гардид. Дар конфронси мазкур раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода, муовини авали муфтии шаҳри Истанбул Вейсел Ишилдар, муфтии ноҳияи Фатиҳи шаҳри Истанбул Веҳап Капиҷиоғлу, ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак, Раиси Шӯрои олимони Донишгоҳи Истанбул доктор Нурҷан Гудер ва раиси Анҷумани тоҷикон дар Туркия Зафар Мақсудов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар Конфронси мазкур инчунин теъдоди зиёди донишҷӯён, аспирантҳо, устодон аз факултаҳои илоҳиёт, сиёсатшиносӣ, фалсафа ва дигар бахшҳои Донишгоҳи Истанбул ширкат варзиданд. Иштирокдорони Конфронс аз ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, Туркия ва Турманистон иборат буданд.
Дар ҷараёни Конфронс ректори яке аз донишгоҳҳои бузуртарини Туркия- Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак дар мавриди хатари ташкилоти террористии наҳзат изҳори назар намуд. Дар аввали суханрониаш профессор Маҳмут Ак аз суханони Саидмукаррам Абдулқодирзода пурра ҷонибдорӣ намуда, миннатдориашро ҷиҳати огоҳ намудани донишҷӯён ва роҳбарияти Донишгоҳ аз амалҳои душманонаи наҳзат изҳор дошт. Инчунин профессор зикр намуд, ки ӯ низ хатмкардаи бахши илоҳиёт буда, оид ба суиистифодаи созмонҳои террористӣ аз номи Ислом пурра маълумот дорад.
Дар ин росто ректори Донишгоҳ иброз намуд, ки мутаассифона, созмонҳо ва ташкилотҳои террористии наҳзат ва ФЕТО аз номи Ислом суиистифода намуда, мехоҳанд ба мақсадҳои нопокихуд расанд.
Ҳамин тартиб, профессор Маҳмут Ак зикр намуд, ки ҳизби ба ном исломии наҳзат чеҳраи воқеияшро аллакай дар солҳои 1992-1997 нишон дода буд. Дар муддати панҷ сол теъдоди зиёди шаҳрвандони бегуноҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби пайравони ин ҳизб ба қатл расиданд.
Ректори Донишгоҳи Истанбул инчунин зикр намуд, ки аъзои наҳзат бо кумаки бевоситаи баъзе аз кишварҳои хориҷӣ ҷанги шаҳрвандиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намуда, аҳолии осоиштаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сарсону саргардон карданд.
Маҳмут Ак таъкид кард, ки амалҳои душманонаи аъзои наҳзат вазъи амният ва истиқлолияти тоза бадастомадаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол бурданд. Ҳамин тартиб, ректори Донишгоҳ зикр дошт, ки Ҷумҳурии Туркия низ монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон шоҳиди табадуллоти нокоми давлатӣ гардидааст ва кӯшиши табаддулотеро, ки соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби хоинон роҳандозӣ шудааст, ҷониби Туркия эҳсос менамояд. Дар рафти суханрониаш профессор Маҳмут Ак тазаккур дод, ки гурӯҳҳои тундгарое, ки аз ҷониби кишварҳои хориҷӣ дастгирӣ меёбанд, мехоҳанд озодии динӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро зери суол баранд. Аммо тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки ин бофтаҳои бадхоҳони миллати тоҷик аст.
Дар фарҷоми суханрониаш ректори Донишгоҳ аз вазъи ноороми Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори нигаронӣ намуда, гуфт, ки сарҳадии тӯлоние, ки миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мавҷуд аст, на танҳо ба вазъи амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба таъмини амнияти Ҷумҳурии Туркия низ хатари ҷиддӣ дорад.
Дар ҳошияи Конфронси мазкур инчунин мулоқоти хоси Саидмукаррам Абдуқодирзода бо ректори Донишгоҳи Истанбул профессор Маҳмут Ак баргузор гардид. Дар рафти мулоқот ҷонибҳо табаддулоти созмонҳои террористӣ (наҳзат ва созмони Фатҳуллоҳ Гюлен)-ро дар кишварҳои хеш маҳкум намуда, таъкид карданд, ки террорист давлат, дин, миллат ва мазҳаб надорад. Ректори донишгоҳи Истанбул таъкид намуд, ки барои ҳаводорони ташкилоти террористии наҳзат дар Туркия, бахусус Донишгоҳи Истанбул ҷой нест.