РАҲОӢ АЗ СОЯИ ТААССУБ…

    Чаро ҷавонони мо ба сафи гуруҳҳои мазҳабӣ мепайванданд? Оё ин тамоюл то кадом андоза ба амнияти давлат ва ҷомеаи мо хатаре дорад?

    Баъзеҳо сари ин андешаанд, ки теъдоди ин ҷавонони гумроҳ ангуштшумор буда, онҳо қудрати убури марз ва ташаннуҷи авзои ҷомеаро надоранд. Дигарон ҳушдор медиҳанд, ки паёмади ин гаравишҳо нохуш буда, имкон дорад, ки ба низоми ҷомеа таҳдид кунад.Ҳароина новобаста аз теъдоду имконоти ин гурўҳҳо, бояд фаромўш накард, ки гоҳо аз як алангаи кўчак метавонад оташи бузург бархезад, ки боиси ба коми оташ рафтани тару хушк гардад.

    Аммо баргардем ба сари он  ки ҷавонони раҳгумзада  дар кадом муҳит бузург шудаанд, дар куҷо таълим гирифтаанд, чӣ боис гардидааст, ки онҳо ин роҳи нангин ва марговарро интихоб намудаанд? Посухи суол таҳлили амиқ ва ҳамаҷонибаро талаб менамояд. Гузашта аз ин бояд иқрор шуд, ки хоҳиши ҷиҳод дар роҳи Ҳақ”, ки мутаассифона сабаби ҳалокати садҳо ҳазор мардуми бегуноҳ, аз ҷумла мусалмонон мегардад, дар замири ин ҷавон дар як лаҳза пайдо нашудааст. Яқин аст, ки онҳо бо рафтор, кирдор ва гуфтори худ борҳо аз тасмим ва нияташон дарак додаанд. Пас дар ин ҳол волидайн, пайвандон, дўстону ҳамкорон ва ё ҳамсабақони ин ҷавонон куҷо буданд? Чаро аксари волидайни ин ҷавонон худро чунин вонамуд месозанд, ки гўё комилан аз тасмими фарзандашон огоҳ набуданд ва намедонистанд, ки дар сари ҷигарбандашон оҳанги сафари Ироқ ё Сурия кай пайдо шудааст? Шояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд”, ки як банди он дар ҳамин маврид ихтисосшудаасту вале мутаасифона ҳанўз мавриди амал қарор нагирифтааст, тақвият диҳем?

     Комилан решакан кардани ин зуҳурот дар ҷомеаи мо ғайри имкон аст. Чунки дар ҳар ҷомеа новобаста аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, сатҳи зиндагии мардумаш мардуми мутаассибе пайдо мешаванд, ки ба тарзу тартиби зиндагӣ аз дидгоҳи маҳдуди хеш назар меафкананд. Вале агар мо, яъне намояндагони ниҳоди давлативу ҷомеаи шаҳрвандӣ; мақомоти масъул, мактабу маориф, ҷамоатҳо, олимон, адибон, ҳизбу созмонҳо, ходимони дин дар самти пешгирии ин зуҳуроти номатлуб фаъолияти густурда ва муассиртареро ба роҳ монем, шояд шиддати гумроҳшавии ҷавонони мо то андозае коҳиш ёбад…

                                                                               Назокатхон Сулейманова, мутахасиси бахши сифати                                                                                                                                                  таҳсилоти таҳсилоти ДКМТ